Вазорати корҳои дохилии Русия шаҳрвандии собиқ муҳоҷирони меҳнатиро, ки шаҳрвандии Федератсияи Русия гирифтаанд, вале барои садоқат ба ин кишвар қасам ёд накардаанд, бекор менамояд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Бекорсозии шаҳрвандии муҳоҷирони шаҳрвандии Русияро гирифта, ки ба ин кишвар савганди садоқат ёд накардаанд, аз имрӯз шуруъ гашта, шаҳрвандии нафароне, ки баъди моҳи сентябри соли 2017 шаҳрвандии Федератсияи Русияро гирифтаанд, аммо қасам ёд накардаанд, бекор карда мешавад.
Қонуни мазкур ба шахсоне, ки то 1-уми сентябри соли 2017 шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардаанд, дахл надорад. Савганд ёд намудан дар Русия аз 1-уми сентябри соли 2017 ба ҳукми қонун даромада, шахсоне, ки шаҳрвандии ин кишварро ба даст меоранд, муваззаф гардонида шудаанд, ки дар муддати 12 моҳ савганди садоқат ёд кунанд. Солҳои охир пеш аз гирифтани шаҳрвандӣ қасам ёд мекарданд, аммо бисёриҳо тавонистанд бидуни ёд намудани савганди садоқат соҳиби шаҳрвандии Русия гарданд.