arzon replenishment
Русия барои муҳоҷирон қоидаҳои нави имтиҳонсупориро ҷорӣ намуд
901

 

Шуруъ аз 1-уми май Федератсияи Россия барои муҳоҷирони меҳнатӣ қоидаҳои нави супурдани имтиҳони забони русӣ ва таъриху ҳуқуқро ҷорӣ менамояд. Рафти имтиҳонсупорӣ сахттар шуда, муҳоҷирони меҳнатӣ дигар бо пул ва ошнобозӣ сертификати донистани забони русиро ба даст оварда наметавонанд.

Валерий Фалков, вазири маориф ва илми Федератсияи Россия дастур додааст, ки минбаъд муҳоҷирони меҳнатӣ имтиҳони забони русӣ ва асосҳои таъриху ҳуқуқи Россияро танҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои давлатии Федератсияи Россия супоранд.

Ширкатҳои хусусӣ аз 1-уми майи соли 2024 дигар ҳуқуқ надоранд, ки аз шаҳрвандони хориҷӣ имтиҳон гирифта, ба онҳо сертификат диҳанд.

Ба иттилои ren.tv, дар ҳар як минтақаи Россия танҳо як донишкадаи давлатӣ ҳуқуқи аз муҳоҷирони меҳнатӣ имтиҳон гирифта, сертификат доданро дорад.

Ҳадаф аз ҷорӣ намудани қоидаҳои нави имтиҳонсупорӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр намудани назорати сифати имтиҳонҳо буда, рӯйхати донишкадаҳоеро, ки аз муҳоҷиронти меҳнатӣ имтиҳон мегиранд, худи вазири маориф ва илми Россия тасдиқ мекунад. Муассисаҳои таълимӣ супориши қатъӣ гирифтаанд, ки дар рафти   имтиҳон серталаб бошанд ва ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

Яке аз навигариҳои асосие, ки ба рафти имтиҳон ворид карда шудааст, озодона бо забони русӣ гап зада тавонистани шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки мехоҳанд дар қаламрави Россия кор ва зиндагӣ кунанд. Пештар муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо имтиҳони хаттӣ месупурданд, вале акнун онҳоро лозим меояд, ки зимни супурдани имтиҳон бо забони русӣ суҳбат намуда, мақсаду мароми худро баён намоянд. Талабот натанҳо ба забондонӣ, балки ба донистани таърих ва ҳуқуқи Россия низ сахттар шуда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар рафти имтиҳон дар боби қонунҳои РФ, аз ҷумла қонунҳои муҳоҷиратии Россия саволҳои зиёде дода мешаванд.

Наталя Трухановская, ректори Институти забони русии ба номи Пушкин пешниҳод намудааст, ки бали гузариш аз 50 то 80 балл боло бурда шавад.

Ёдрас мешавем, ки то ин дам барои ба даст овардани сертификат дар рафти имтиҳон ба муҳоҷирон танҳо 20 саволи оддӣ пешниҳод шуда, барои гузаштан аз имтиҳон ба 11 савол дуруст ҷавоб додан кофӣ буд. Саволҳо хеле содда бошанд ҳам, аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз уҳдаи супурдани имтиҳон набаромада, бо роҳу воситаҳои дигар сертификат мегирифтанд, вале...

Шуруъ аз 1-уми май дигар бо ошнобозӣ сертификат гирифта намешавад, бинобар ин, муҳоҷирони меҳнатиро лозим меояд, ки забон ва таъриху ҳуқуқи Россияро хуб омӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД