Федератсияи Россия қонунҳои муҳоҷиратии худро такмил дода, қоидаҳои нав ба навро ворид месозад, то ки минбаъд муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷиро ба кишвараш пешгирӣ намояд. Ин қонунҳо кадомҳоянд?
Тавре раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин дар телеграм-каналаш хабар додааст, Дума ба хотири пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар як силсила қонунҳои навро қабул мекунад, ки ҳадаф аз он такмил додани сиёсати муҳоҷиратии РФ мебошад. “Кор дар самти такмил додани қонунҳои муҳоҷиратӣ идома дорад. Алакай 7 ҳуҷҷат қабул карда шудааст ва то моҳи декабри соли равон депутатҳо бояд лоиҳаи 6 қонунро омӯхта, тасдиқ намоянд”,- навиштааст раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин дар телеграм-канал.
Ба гуфти раиси парлумони Россия, Дума 3 қонуни махсусро қабул хоҳад кард, ки бо убури ғайриқонунии сарҳад вобастагӣ доранд.
Қонуни дигаре, ки Володин дар мавридаш ишорат намудааст, ба пурзӯр гардонидани ҷавобгарӣ барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳои сохта ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ вобаста мебошад. Барои чунин амалҳо ҷарима ба маблағи аз 5 то 10 млн рубли русӣ пешбинӣ шудааст. Дар сурати такроран содир намудани чунин амал ҷарима аз 10 то 60 млн рубл боло бурда шуда, молу амволи муҷрим мусодира карда мешавад.
Ба гуфти Володин, мақсад аз қабул кардани қонунҳои нав такмил додани қонунгузории муҳоҷиратии Россия ва пурзӯр гардонидани мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад.
Раиси Думаи давлатии Россия дар мавриди боз як қонуни нави дигар низ ишорат кардааст, ки ба масъалаи қабули имтиҳон аз шаҳрвандони хориҷӣ дахл дорад. “Муҳоҷирон бояд қонунҳои Федератсияи Россияро риоя намуда, забони русиро хуб омӯзанд ва ба расму оини мардуми рус эҳтиром гузоранд”,- таъкид кардааст Володин.
Қонуни шашуме, ки Дума то моҳи декабри соли равон қабул карданист, ба интернет рабт дошта, тибқи он маъхазҳои интернетие, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар гуна хизматрасониҳои ғайриқонуниро пешниҳод менамоянд, бидуни огоҳӣ ва ҳукми суд баста мешаванд.