Рушан Зебинисо Султон: Оила оинаест барои рушди фарзанд
70

Дар кишвари мо масъалаи рушди ҳамаҷонибаи фарзандон, ки ояндаи миллат маҳсуб меёбанд, дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мавзуъро ҳамвора пайгирӣ ва тарбияи дурусти насли имрӯзро ба вижа назорат мебаранду таъкид менамоянд, ки барои фардои дурахшони миллат насли созандаву бунёдкор, ҳушёру зирак, комилу тавонманд ва босаводу бонангу ор зарур аст. Дар робита ба масъалаи тарбияи комили фарзандон ва нақши оила дар ин масъулият бо ҳуқуқшинос Рушан Зебинисо Султон суҳбат оростем, ки фишурдаи он манзуратон мегардад.

- Шумо солҳост, ки дар сохтори САҲШ ҳамчун ҳуқуқшинос фаъолият доред. Дар шебу фарози рӯзгор таҷриба ва шинохти хосае ҳам доред. Аз нигоҳи шумо барои тарбияти дурусти фарзандон чӣ чиз муҳимтар аст?

- Асоси ҷомеаро фарзандони мову шумо ташкил медиҳанд. Агар дар камолёбии онҳо муваффақ шуда бошем, пас хидмати сазоворе барои ин миллат кардаем. Дар ғайри сурат масъулияти хешро мутаассифона натавонистем, ки нишонрас ба сомон расонем. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон ишора менамоянд, усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад. Мо волидайн барои роҳи дурусти фарзандони хеш роҳнамо ҳастем, ки онҳо моро мебинанду аз мо ибрат мегиранд.

- Барои тарбияи дурусти фарзанд чӣ бояд кард?

- Масъалаи бағоят муҳиме, ки аз ин қазия бармеояд, сатҳи тафаккур, дараҷаи худогоҳӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангии худи падару модар мебошад, ки тавассути он фарзанд соҳиби саводу дониш, дили огоҳу ақли бедор, арҷгузорӣ ба ниёгон ва муҳаббату садоқат ба Ватану миллати худ мегардад. Аён аст, ки аз оилаи бомаърифат ва намунавӣ наслҳои хубу арзанда ба дунё омада, камол меёбанд. Зеро муҳим одобу ахлоқи ҳамидаи волилайн аст, ки насли онҳо ба эшон пайравӣ мекунанд. Дар оилаҳои намуна фарзандони бомаърифату солим ба воя мерасанд ва ояндаи давлату миллат аз ин гуна фарзандон вобастагии калон дорад. Агар волидон барои дар роҳи илму дониш роҳнамоӣ намудани фарзандони хеш кӯшиш намоянд, дар ҷомеа оилаи солиму бофарҳанг ба вуҷуд меояд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки пешрафту тараққиёту ояндаи кишвар аз кадрҳои баландихтисос вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, ҳар як падару модар вазифадор аст, ки фикри ояндаи фарзандро намуда, дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва инсондӯстӣ тарбият намоянд.

- Пас худи падару модаронро аввал бояд маърифатнок кард?

- Оре, ибтидо падару модар бояд соҳибилм, меҳнатдӯст, китобхон ва боодоб бошад. Зеро оила макони муқаддасест, ки кӯдак дар он ба воя мерасад. Одоб, ахлоқ ва муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта, инкишоф меёбад. Таълиму тарбияи дуруст ба ташаккули инсони комил ва оилаи солим мусоидат намуда, имрӯзу фардои ҷомеаро равшан месозад. Дар ҳамин асос, ҳоло маърифати оиладорӣ, омода кардани насли ояндасози кишвар ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Дар ин росто, устувор будани оила хеле муҳим аст, чунки дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад. То имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидаанд, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Пас, падару модар бояд дар хонавода намунаи фарзандон бошад.

- Ба назари шумо дар хонавода чун ибрати фарзандон нақши кӣ барҷастатар аст?

- Албатта, дар тарбияи фарзанд саҳми модар калон аст, чунки падар ноновари хона ва дунболи кору рӯзгор аст. Аз ин рӯ, дар зиндагӣ намуна будани зан имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила бомаданият тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин ба хотири устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оила бунёд мекунанд. Пеш аз он ки фарзандон ба ҳаёти мустақилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, маданият, аз маҷмӯи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ дошта бошанд. Зарурати ин иқдомро ҳар як шахсе, ки раванди рушди имрӯзаи ҷомеаро дарк мекунад, ба хубӣ мефаҳмад.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сатҳи тарбияи бархе аз фарзандон то андозае паст рафтааст ва модарон ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Дар ин самт чӣ бояд кард?

- Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Падару модарон мегузоранд, ки фарзандонашон дар кӯчаву ҷодаҳо ва марказҳои интернетӣ бошанду шабона дер ба хона оянд. Дар деҳот агар як ҳайвони хонагӣ наояд, ҳамаи оила ба суроғи он мебароянд. Вале писар ё духтар дер меояд, касеро парвое нест. Аз ин ҳолат фарзанд сӯистифода мекунад ва худро озод эҳсос менамояд. Баъзеҳо фақат мактабро муваззафи тарбияи кӯдаконашон медонанд. Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи кўдак дар баробари ин ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар аст.

- Озмунҳои китобхонӣ дар самти тарбияи маънавии ҷомеа чӣ нақш доранд?

- Пешвои муаззами миллат бо сарпарастии хеш озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат», «Шоҳномахонӣ» ва ғайраҳоро роҳандозӣ карданд, ки чунин сабқатҳои тарбиявӣ дар ягон кишвари дигар нест. Ҳазорҳо нафар аҳли ҷомеа ҷилд - ҷилд китоб хонданд, шеърҳо азёд намуданд, достону қиссаву осори гузаштагонро аз бар намуданд. Ҳар яке аз онҳо дар образи қаҳрамонҳои асарҳои хондаашон ҳунару ҷавонмардию шинохти асолати миллию давлатӣ меомӯзанд. Ҳамин тавр, нақши ин озмунҳои дар тарбияи маънавии фарзандон бағоят калон аст.

- Дар хотимаи суҳбат роҷеъ ба заминаҳои пойдории оилаҳо мегуфтед.

- Пойдорӣ ва муттаҳидии оилаҳо давлатро мустаҳкам нигоҳ медорад. Аммо баъзан ҳолатҳо бунёди оилаҳои имрӯзаро дида, сари андеша меравем, ки чӣ бояд кард, то оила пойдор ва мустаҳкам бошад? Ба ақидаи равоншиносон, шартҳои асоситарини оила мавҷудияти муҳаббати тарафайн ба шумор меравад. Аз ин рӯ, пойдории он дар оила шарти зарурист. Барои пойдории муҳаббати оилавӣ сабру тоқат аз ҷониби зану шавҳар хеле муҳим аст, зеро оила муҳити солим бояд дошта бошад. Дар ин раванд, босаводии зан ҳатмист, зеро тарбиятгари асосии кӯдак дар оила, пеш аз ҳама, зан аст. Хушбахтона, имрӯз мардуми мо инро дарк карда истодаанд, ки модари босавод фарзандони фарзонаи ҷомеаро тарбия мекунанд.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Мусоҳиб: Мирсаид САТТОРИЁН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД