Formula novemver 2024
Рулет бо мевагӣ
596


                            Маҳсулоти лозима:
4 дона – сафедии тухм
150 грам – хокаи шакар
10 грам – крахмал
                               Барои ороиш:
250 мл – қаймоқи сливки
100 грам – хокаи шакар
150 грам – панири дулмашуда
пудина ва қулфинай
                                 Тарзи таҳия:
Дар зарфе сафеди тухмро аз зардиаш ҷудо мекунем ва ба сафедиаш каме намак пошида бо миксер лат мезанем. Як қошуқча оби лимӯ ва ванелин илова карда, бо миксер лат мезанем. Хокаи шакар ва крахмал андохта, то омода шуданаш боз бо миксер лат мезанем.
Ба тоба равған молида, қоғази пергамент тунук мекунем ва рулетро ба он мегирем.

Рулетро дар тафдон дар ҳарорати 160 дараҷа 25 – 30 дақиқа пухтан лозим аст.

Барои ороиш қаймоқро бо хокаи шакар лат мезанем ва баъдан панири дулмашударо илова карда, боз бо миксер лат мезанем. Пас аз он, ки рулет пухт, онро каме хунук карда, сипас малҳам (крем)-ро мемолем. Қулфинайҳоро реза карда дар байнашон мечинем ва рулетро мепечонем.

Барои дарунаш метавонед аз ҳар гуна мева истифода баред. Болояшро бо малҳам ва қулфинай оро медиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД