Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Россия ба муқобили муҳоҷирони меҳнатӣ баромад карда, соҳаҳоеро номбар намудааст, ки набояд муҳоҷирон дар ин бахшҳо ба кор роҳ дода шаванд.
Ин мансабдори рус дар телеграм-каналаш навиштааст, ки муҳоҷирони меҳнатиро дар соҳаи тандурустӣ ва маориф ба кор роҳ додан мумкин нест ва дар ин бахшҳо бояд танҳо мардуми рус кор кунанд.
“Дар самти таълиму тарбия ва тандурустӣ бояд фақат шаҳрвандони кишвари мо кор кунанд. Муҳоҷиронро дар ин бахшҳо ба кор ҷалб намудан комилан ғалат аст”,- навиштааст Вячеслав Володин.
Раиси Думаи давлатии Россия илова намудааст, ки айни замон депутатҳо масъалаи бидуни донистани забони русӣ ба мактаб қабул кардани фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро омӯхта истодаанд ва болои лоиҳаи нави қонун кор мебаранд.
Ҳафтаи оянда ин масъала дар Думаи давлатии Россия мавриди муҳокима қарор мегирад ва дар сурати қабул шудани қонуни нав минбаъд фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро ба мактабҳои Россия қабул намекунанд, агар кӯдак имтиҳони забони русиро бо сари баланд супурда натавонад.