Мушкилии шахсони имконияташон маҳдуд, ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар сатҳи идораҳои болоӣ баҳси доғеро ба бор овардааст.
Кам будани нафақапулӣ, шароити номувофиқ барои ворид шудани чунин ашхос ба иншоотҳои маишӣ, мавзеъҳои фарҳангӣ, идораҳои давлатӣ мебошад. Дар модаи 33-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” омадааст, ки “Масъалаҳои маъюбон бе иштироки худи Иттиҳодияти маъюбон чӣ дар сатҳи давлатӣ ва чӣ дар дигар сатҳо дида нашавад”. Вале ҳамсуҳбатони мо қайд карданд, ки дар бисёре аз иншоотҳо ҳуқуқҳои онҳо поймол гаштааст. Яъне роҳравҳо ба таври хеле номувофиқ сохта шуда, ҳатто шахсони беимконияти маҳдуд, аз он истифода карда наметавонанд.
Ҳамсуҳбати мо Фирдавс Саидов, намояндаи федератсияи варзишгарони маъюби ноҳияи Шаҳринав , аст, ки пас аз оризаҳои бемории фалаҷ ба маъюбият гирифтор шудааст. Барои ӯ мушкилии асосӣ роҳравҳои махсус, яъне пантусҳо мебошанд. Ҳамчнин илова кард, ки дар боғи фарҳангии ба номи М. Турсунзода, ягон шароит барои маъюбон вуҷуд надорад. Дар биноҳои истиқоматӣ ва дигар идораҳои дахлдор, нақлиёти ҷамъиятӣ низ ин камбудӣ дида мешавад. Ҳамсуҳбати мо дар давоми суҳбаташон қайд карданд, ки филеали “Ориёнбонк” дар ноҳияи Шаҳринав, роҳравҳое, ки барои шахсони имконияташон маҳдуд сохта шудаанд, хеле ноқулай аст. Масалан, ҳамон сафол (кафел)-ҳое, ки дар роҳравҳо гузоштаанд, натанҳо барои мо, балки барои одамони солим низ хатарноканд. Дар баъзе идораҳои давлатӣ низ ин камбудӣ дида мешавад, ки мушкилии ҷиддиро пеш меорад. Дар бинои бахши меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки бештар мо ба онҷо корафтода мешавем, 3-4 зинаи баланд дорад ва ворид шудан ба бино ғайриимкон аст. Мо маъюбон интизор мешавем, ки кай шахсони масъул ба назди мо меоянд. Танҳо бинои “Амонатбонк”-и ноҳия талоботи мо маъюбон ҷавобгӯ аст.
Абдурашид Қаюмзод, сокини ноҳияи Фархор аст. Ӯро пеш аз ҳам кам будани нафақапулӣ нигарон кардааст. Зеро нафақае, ки мегирад, барои як моҳи зиндагиаш намерасад. Ҳини суҳбат қайд кард, ки мушкилиҳои иҷтимоии маъюбон, дар ноҳия хеле зиёд аст. Яке аз он кам будани нафақапулӣ ва сарви вақт дастрас кардани он мебошад. “Шахсан ман барои дастрас кардани нафақаам, бояд аз нафаре кӯмак пурсам, чунки роҳрав ё банкоматҳо мутобиқи мо шахсони имкониятамон маҳдуд сохта нашудааст. Пандус ё худ ҳамон роҳрави махсусе, ки бояд дар бинои ҳар як идора ё созта шавад, хеле кам баназра мерасад. Чунин мушкилиҳо боис мегардад, ки маъюбон аз мардум дур мешаванд” гуфт Абдурашид Қаюмзод.
“Навбатпойии тӯлонӣ дар чунин мавзеъҳо маро хеле руҳафтода мекунад. Маъюб касе аст, ки имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дорад ва ҳамин маҳдудияташ ба ӯ имкон намедиҳад, ки муддати тӯлонӣ пушти дари ин ё он масъул мунтазир монад” бо изтироб гуфт ҳамсуҳбати мо.
Воқеан ҳам барои ин гурӯҳи одамон интизорӣ ва набудани шароити муфид хеле мушкил аст. Ин нуқтаро Нигина Икромова, роҳбари ташкилоти ҷамъияти ҳунарҳои мардумӣ барои шахсиятҳои маъюбиятдошта низ тасдиқ кард.
Ӯ дар шаҳри Душанбе зиндгӣ меекунад ва тез-тез аз биноҳои идораю кумитаҳо истифода мебарад. Аз суҳбати эшон маълум гашт, ки набудани пандусҳо дар ҷоҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ мебошад.
Ин бону барои набудани роҳравҳои лозимӣ намояндагони Кумитаи меъморӣ ва сохтмонро айбдор мекунад. Ӯ гуфт: “Ягон бино, масалан , мағоза, супермаркетҳо ва дигар биноҳое, ки қомат афрохтааст, ба талаботи мо ҷавобгӯ нест. Барои худашонро намоиш додан ва аз сар соқит кардан, ин роҳравҳоро сохтаанд. Ҳамон масъулоне, ки дар Кумитаи меъмори ва сохтмон кор мекунанд, намедонам чаро, чунин биноҳоро барои истифода иҷозат медиҳанд. Бояд пеш аз қабули иншоот, як зане, ки дар аробача мешинад, ӯро барои санҷиш бубаранд, ки оё воқеан ҳам ин роҳрав ба талаботи шахси маъюб ҷавобгӯ аст ё не? Мардҳои маъюб нисбат ба занҳои ин гурӯҳю боқувватанд.Ҳамсуҳбати мо чанд биноро ном бурду аз надоштани шароити марбута сухан гуфт: Дар бинои нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бахши меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ин идораҳоест, ки баъди кушодани ташкилот бештар муроҷиат кардам. Ҳамчунин, ба биноҳои бонк низ рафтам. Дар ягонҷо талаботҳои мо риоя нашудааст. Мушкилии дигар дар он аст, ки нисбати шаҳрвандон, махсусан, нисбати маъюбон талаботҳои сахт доранд, масалан барои гирифтани маош ё имзо гузоштан рафтани мо ҳатмӣ аст, вале шароитҳое, ки барои мо зарур аст, ба инобат гирифта намешаванд. Ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ тамоман ба талаботҳои мо маъюбон ҷавобгӯ нест. Ҳар вақте барои корҳоям рафтаам, ду нафар маро бардошта боло мебаранд, ки ин хатари зиёд барои ман эҷод шуданаш мумкин аст.
Як нафари дигар , бидуни овардани номаш қайд кард, ки бо вуҷуди мушкилиҳои зикршуда, дастрасӣ надоштан ба ҳоҷатхонаҳо, ки бештарашон дар таҳхонаҳо ҷойгир шудаанд, мебошад.
Месазад, ки ба мушкилии шахсони имконияташон маҳдуд расида кунем ва икониятҳои онҳоро тибқи қонун амалӣ намоем.