Ҳар як инсон орзу дорад, ки ҷуфти ба худ муносибро пайдо намуда, як умр зиндагии хушбахтона ба сар барад. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки агар духтару писар ҳамдигарро дӯст дошта, оиладор шаванд, албатта хушбахт мешаванд, вале мо садҳо ҷуфтҳоеро медонем, ки бо ишқу ошиқи оила барпо карда бошанд ҳам, ҳамагӣ баъди шаш моҳ ё як сол ҷудо шудаанд.
Сабаб дар он аст, ки стораи арӯсу домод дар зиндагӣ бо ҳамдигар мувофиқат накарда, боиси сар задани нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷолҳои зиёд дар байни ҷуфти ҷавон мегардад.
Беҳуда нест, ки подшоҳони қадим пеш аз хонадор кардани фарзандонашон ҳатман ситорашиносонро даъват мекарданд, то ба ҳамдигар мувофиқ будан ё набудани ситораи духтар ва писарро фаҳманд.
Ситорашиносӣ илми қадимӣ буда, то куҷо ба ҳамдигар мувофиқат кардани хислату хӯйи ду инсонро аз рӯйи бурҷҳояшон муайян месозад. Аз ҳамин хотир қарор додем дар бораи мувофиқати зану мард аз рӯйи бурҷҳо ба шумо каме маълумот диҳем.
Ҳамал ва ҷавзо
Ҷуфти беҳтарин хоҳанд гашт, чунки мизоҷи ҳардуяшон оташ буда, зотан пур аз нерӯ ва хушчақчақ ҳастанд. Муҳаббат ва рағбате, ки байни ҳамал ва ҷавзо пайдо мешавад, бо мурури солҳо хомӯш намегардад.
Ин зану шавҳар ҳаргиз аз ҳамдигар дилхунук намешаванд. Мушкилоти рӯзгор наметавонад муҳаббати ин ҷуфти зеборо ҳатто як зарра кам созад. Онҳо дар тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуда, камбудиҳои якдигарро рӯпӯш месозанд. Бо вуҷуди мухолифати хислатҳояшон ҳамал ва ҷавзо дар зиндагӣ ба маънои томаш хушбахт мешаванд.
Далв ва мизон
Зан ва марде, ки дар мучалҳои далв ва мизон тавлид ёфтаанд, ба осонӣ забон ёфта, мисли дӯстони қарин соатҳо бо ҳам гуфтугӯ мекунанд. Ҳамроҳ вақт гузаронидан барои зодагони ин ду бурҷ басо ҷолиб ва шавқангез аст.
Дар сурати бастани ақди никоҳ онҳо дар зиндагӣ ҳамеша ба якдигар гузашт карда, киштии бахташонро аз ғарқшавӣ эмин нигоҳ медоранд. Фарқияти ин зану шавҳар дар он аст, ки ҳамсари дар мучали мизон тавлидёфта аз танҳоӣ метарсад ва мехоҳад ёраш ҳамеша дар паҳлӯяш бошад, далв бошад, дар ҷои аввал дӯстонашро мегузорад. Гоҳо нисбати ҷуфташ беэътиборӣ намудани далв боиси хафагии мизон мегардад.
Ҳут ва ақраб
Азбаски ҳам мучали ҳут ва ҳам ақраб бурҷҳои обӣ маҳсуб меёбанд, зодагони ин ду бурҷ нисбат ба ҳамдигар майлу рағбати зиёд пайдо мекунанд. Бо вуҷуди дигаргун будани нуқтаи назарашон нигоҳи зодагони ин бурҷҳо дар масъалаи оиладорӣ ва заношавҳарӣ ба ҳам монанд ва қариб, ки якхела аст.
Ҳут метавонад ба осонӣ оташи қаҳру ғазаби ақрабо бо насими муҳаббати худ хомӯш сохта, ба ҷойи он гулхани ишқро шуълавар гардонад. Мушкилоти ягона дар он аст, ки ақраб дар масъалаҳои асосӣ ва тақдирсоз ҳаргиз сар намефарорад ва ҳутро лозим меояд, ки дар зери нағораи ҳамсараш бирақсад.
Қавс ва асад
Вақте зодагони бурҷҳои қавс ва асад бо ҳам вомехӯранд, аз оташи ишқу муҳаббати тобноки ин ҷуфт атроф шуълавар мегардад. Зодагони бурҷи асад табиатан дурандешу бовиқор буда, пеш аз оне, ки ба як хулосаи аниқ биёянд, сад бор ҳама чизро дар тарозуи ақл бармекашанд, қавс бошад, баръакс бетоқат аст ва ҳамеша навигарӣ мехоҳад. Ин рангорангии хислатҳо мувозинатро дар оилаи қавс ва асад нигоҳ медорад.
Рамзи ҳарду бурҷ оташ аст, аз ин рӯ ҳаёташон гарму ҷӯшон, пурҷӯшу хурӯш ва лабрези рӯйдодҳои аҷиб хоҳад буд. Бо қавс ба хонаи ақди никоҳ рафта, асади мағрур бо ёри интихоб кардааш дар олами афсонаҳо зиндагӣ хоҳад кард.
Ҷаддӣ ва сунбула
Сумбула бо дили пур ҳаёташро бо ҷаддӣ мепайвандад, зеро медонад, ки ёраш бисёр пурқувват аст ва метавонад куҳро зада талқон намояд. Ба ҷаддӣ дурандешӣ, оромӣ ва эътимоди сунбула писанд аст. Тақдирашро бо сумбула пайваста ҷаддӣ пушаймон намешавад, зеро ёраш оромтабиат ва яктопараст буда, ҳаргиз барои рашк кардан имкон намедиҳад.
Гап сари он аст, ки зодагони бурҷи сумбула табиатан ба саргузаштҳои пурошӯби ошиқона майл надоранд. Барои шахсе, ки дар ин мучал ба дунё омадааст, оила бисёр муқаддас буда, ҳамеша дар ҷойи аввал меистад. Зодагони ҳарду бурҷ боодоб ва ростқавланд, аз ҳамин сабаб аз ҷаддӣ ва сумбула фарзандони солеҳ ба дунё меоянд.
Савр ва саратон
Савр—замин аст, саратон— об, вале зодагони ин ду бурҷ бо ҳам натанҳо созиш мекунанд, балки ҳамдигарро пурра месозанд. Пайванди савр ва саратон бобарор буда, оилаашон мустаҳкам ва ҳаёташон орому осуда мегузарад.
Зану марде, ки дар ин мучалҳо зода шудаанд, дар зиндагӣ шарики хуб буда, байни онҳо хеле кам нофаҳмӣ ва низоъ ба амал меояд, чунки ҳарду ҳам муноқишаро хуш надоранд.
Рашк ва баҳсу мунозира дар оилаи онҳо қариб, ки дида намешавад, чунки ҳам саратон ва ҳам сарв яктопараст ҳастанд ва оилаи худро дар ҷойи аввал мегузоранд. Дар сурати рух додани ҷангу ҷанҷол низ саратони меҳрубон ва дилёб ба осонӣ метавонад саври ба ғазаб омадаро ором созад.