Роҳкирои нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе аз 10 ноябри соли ҷорӣ боло меравад.
Дар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 06 октябри соли 2021, №233 ва муроҷиати корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва ширкату ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ тибқи фармоиши Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” №11/и, аз 10 ноябри соли 2021 ҳамчун сохтори ваколатдори соҳа, ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо 1,80 (як сомонию ҳаштод дирам) ва тариқи кортҳои яксафара (ду сомонию панҷоҳ дирам), троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1,50 (як сомонию панҷоҳ дирам), ва тариқи кортҳои яксафара (ду сомонӣ), микроавтобусҳо 2,50 (ду сомонию панҷоҳ дирам) ва барои интиқоли як мусофир-километр тавассути воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) 3,00 (се сомонӣ) муқаррар гардидааст.
Ба иттилои Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» маротибаи охир ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе соли 2011 дар автобусҳо барои як мусофир 1,20 дирам, троллейбус 0,70 дирам ва микроавтобус 1,60 дирам муқаррар гардида, давоми 10 сол роҳкирои хатсайрҳои автобусӣ ва микроавтобусӣ бетағйир монд. Танҳо дар хатсайрҳои троллейбусӣ давоми 10 сол як маротиба баландшавии ҳаққи роҳкиро аз 0,70 дирам то 1,00 сомонӣ амалӣ гардид.
Дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110 фоиз, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110 фоиз, қувваи барқ 300 фоиз, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷоти худро рӯйпӯш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст.