arzon replenishment
РОҲИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
1425

 

Ҷопон яке аз кишварҳои пешрафта дар ҷаҳон мебошад, ки дилхоҳ соҳа дар он ба қадри кофӣ рушд кардаву тараққӣ ёфтааст.

Ҳоло диққат диҳед ба ин роҳи ниҳоят ҳайратангез, ки дар наздикии шаҳри Сагамихараи Ҷопон аз ҷониби мутахассисони ватанӣ сохта шудааст. Ин роҳ аз баландӣ гузаргоҳи бениҳоят душвор ва печ дар печро мемонад, аммо дар асл ба хотири пешгирӣ аз танбашавии мошинҳо ва осон кардани ҳаракати нақлиёт сохтаву ба истифода дода шудааст.

Роҳи мазкур аз се қабат иборат буда, зиёда аз 10 нақби хурду бузург ҳаракати воситаи нақлиётро боз ҳам осонтар кардаанд. Шаҳри Сагамихара соли 1941 таъсис ёфта, дар он наздики як миллион нафар (то 1-уми августи соли 2014 ҳамагӣ 722 881 нафар) зиндагӣ мекунанд.

Ин роҳи ҳайратангез агар аз як ҷиҳат ба хотири осон кардани ҳаракати нақлиёт сохта шуда бошад, аз ҷиҳати дигар диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро низ ба худ ҷалб кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД