Arzon march 2024
Ӯро “ака” мегӯяму ҳамсараш шавам? (ҚИСМИ 2)
2242

Як гулу сад харидор

Таъриф намекунам, вале духтари болобаланди соҳибҷамоле ҳастам. Вижагии дигар ва фарқам аз дугонаҳоям ҳамин аст, ки хеле оддӣ либос мепўшаму аз косметика, ё ба қавли маъмул макияж умуман истифода намебарам. Ҳамсабақонам ба ман «Оргинал» лақаб додаанду бо шӯхӣ мегўянд, ки туро ба «Китоби сурх» ворид намудан лозим. Хостгоронам аз мўйи сарам зиёдтаранд, вале ба модарам ягонтои онҳо маъқул нест. Худам ҳам шавҳар карданӣ нестам, зеро мехоҳам аввал донишгоҳро бо сари баланд хатм намоям. Бояд бигўям, ки яке аз донишҷўёни аълохон ҳастам.

Ман курси дуввумро ба охир расонидаму бародарам ҳам аз Маскав ба хона баргашт. Ў донишгоҳро хатм намуда, дар бонк ба кор даромада буду мехост дар Маскав монад. Падару модарам ба ин зид набуданд ва мегуфтанд, ки он ҷо писарашон ояндаи дурахшон хоҳад дошт.

Дадаҷонам аёми донишҷўияш барои акаам дар Маскав хона харида буд. Падару модарам маслиҳати зангирии акаамро мекарданд, бояд ў дар муддати ду моҳи дар ватан буданаш зан гирифта, баъд ҳамроҳи оилааш ба Маскав бармегашт. Акаам дўстдошта надошт, аз ин рў интихоби келинро ба волидонам вогузор карда буд. Аммо ҳеҷ гумон надоштам, аз гўшаи хотирам ҳам намегузашт, ки…

«Хостгор»

Як рўз апаам занг зада, маро ба хонааш даъват кард. Ман ки ба ин даъватҳо одат карда будам, гумон доштам меҳмон дорад ва субҳи барвақт акаам бо мошин маро бурда, назди дарвозаи ў фаровард.

Акаам ким-чӣ хел хаставу малул метофту ба саволҳои ман бо дили нохоҳам ҷавоб медод. Аз ин ҳолати бародари ҳамешахандону меҳрубонам каме хафа ҳам шудам. Вале боз худамро тасалло додам, ки шояд келинкобиямон тӯл кашида истодаасту барои ҳамин таъбаш хира аст…

Апаам чун ҳарвақта, даррав рўйхати корҳояшро пешам нагузошт, баръакс маро назди дастархони пурнозу неъмат шинонида, аз ин тарафу он тараф гап заду баъд ҷумлаҳоеро ба забон овард, ки ман дар ҷоям шах шудам…

- Хоҳарҷони азизам, ман бисёр мехоҳам ту зани Аҳмад шавӣ, ҳарчанд ту ўро ака мегўйӣ, вале хуб медонӣ, шумо фарзандони як падар нестед. Мо аллакай маслиҳат кардем, Аҳмад, падару модарам ризоянд ва розӣ кардани туро ба ман гузоштанд. Кӣ медонад як бегона ба хонадони мо ворид шуда, ба сари мо чӣ бало меорад, бигузор дову дастгаҳ ва давлати волидайнам ба худамон монад...

Ман намедонистам ба ин «хостгорӣ» чӣ гуна вокуниш кунам, вале оби чашмонам мерехтанду мерехтанд…

Ман баъди чанд соати насиҳатҳои апаам аз хонаи ў бадар шудаму мошин киро карда, рост хона рафтам ва ба модарам гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ зани “акаам” нахоҳам шуд, шумо имону виҷдон доред?!

Хулоса, баъди як ҳафтаи ҷангу ҷанҷоли ман акаам ба Маскав баргашт. Давоми рўзҳои дар хона буданаш кӯшиш мекардем ба ҳам рў ба рў нашавем…

Инак, шаш моҳ мешавад, ки падару модарам кӯшиши розӣ намудани маро ба ин издивоҷ мекунанд, аммо ман наметавонам!

Чӣ гуна инсонеро, ки чун бародар як ҷо калон шудаӣ, ба шавҳарӣ мепазирӣ, оё ин беимонӣ нест?!

НОЗАНИН (номи шартӣ)

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД