Arzon march 2024
Ӯро “ака” мегӯяму ҳамсараш шавам? (ҚИСМИ 1)
2190

Сархўр

Ман ба дунё омадааму падарам бар асари бемории саратони меъда оламро падруд гуфтааст. Аз рўйи нақлҳои модарам медонам, ки бобою бибии падариям бемор будани фарзандашонро медонистаанду танҳо ба хотири нишонае аз ў гирифтан хонадораш мекунанд. Модарам мегўяд, ки дар арўсакияш беморбон будаасту ба ҳами ин раҳми Худо наомада, падари беморамро рўзи мавлуди ман аз олам мебарад. Модарамро бо мани навзод ба хонаи бибию бобои модариям меоранд, зеро пайвандони падарам мани сархўрро дидан намехостаанд…

Модарам дубора ба як ҷавонмарди занмурда ба шавҳар баромад. Ин мард аз никоҳи пешин як духтар ва як писар дошт ва маро низ дар қатори онҳо ба худ духтар хонд. Ман медидам, ки модарам апаву акаамро аз ман зиёдтар ғамхорӣ мекунад. Ана ҳамин меҳрубониҳои модарам буд, ки мо бо ҳам мисли фарзандони як падар унс гирифтему меҳрубон шудем. Падарам марди ниҳоят меҳрубону фарҳангӣ, дар аввал муаллим буд ва оҳиста-оҳиста ба тиҷорат даст заду ба як тоҷири муваффақ мубадал гашт…

Зиндагӣ дар шаҳр

Бори аввал бо хешовандони падариям дар шашсолагиям вохўрдам, ҳарчанд дар тўю маъракаҳояшон омада, маро гирифта мебурданд, аммо ман пайвандони падарандарамро дўст медоштаму онҳо бароям аммаҷону амакҷон буданд. Падарандарамро дадаҷон мегуфтам, насаби ўро гирифта будаму чун духтари кенҷагӣ эркаю бологузари оғўши ў будам. Мо ҳавлии дар қишлоқ будаамонро ба хешовандонамон монда, ба пойтахт кўч бастем, дадаҷонам ин ҷо барои мо тамоми шароитҳоро фароҳам овард. Мо дар ҳавлии дуошёнаи барҳавои канори шаҳр зиндагӣ мекардем, апаамро баъди хатми донишгоҳ ба шавҳар додему акаам дар хориҷа таҳсил мекард. Ман ҳам баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудам.

Аз чизе танқисӣ надоштем, зиндагии шоҳона, ҳавлию хонаҳо дар биноҳои баландошоёна, хулоса, оилаи мо яке аз оилаҳои сарватманди шаҳр ба шумор меравад. Падару модарам моро чунон тарбия карда буданд, ки ҳеҷ гоҳ аз доро будани худамон таманно намекардему ба қавле «намегузарондем», аммо…

Зани занон…

Чуноне, ки дар боло гуфтам, апаамро баъди хатми донишгоҳ ба шавҳар додем. Домод аз оилаи бонуфуз буду падараш рафиқи ҷонии дадаҷонам буд. Ҳарчанд, апаам донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм карда бошад ҳам, язнаам ўро кор кардан намонд, зеро худаш вазифаи баланд дошту зиндагияшро ҳамаҷиҳата таъмин мекард. Хушдомани апаам зани чизпарасту маъракадўстдор буд, ана ҳамин зан модари маро ҳам тағир дод. Акнун модари як вақтҳо хонашину худоҷўйи ман мағоза ба мағоза, маърака ба маърака, тўй ба тўй, осоишгоҳ ба осоишгоҳ мегашту дар чизпарастӣ ҳамто надошт! Агар дадаҷонам як эроди оддӣ гирад, даррав фишораш баланд мешуду дугона - қудояш духтури шиносашро даъват карда, «беморӣ»-и модарамро «сахту сангин» унвон намуда, ба падарам мерасониданд. Як бор ба апаам гуфтам, ки ҳамин хушдомани ту модарамро дигар кардааст, ў бо ханда даст афшонда, посух дод:

- Хайр, баъд чӣ? Бечора очаам аз ҳамин дунё чӣ дидааст, фақат сағирабонию кори хона, мон чорта давр ронад…

Фаҳмидам, ки апаамро низ чизу чора, сарвату боигарӣ дигар кардааст ва ғайр аз хомўшӣ чорае дигар надоштам…

(Давом дорад)

НОЗАНИН (номи шартӣ)

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД