Бисёр занону модарони тоҷик ба азобу машаққат, камбизоатию нодорӣ ва зулми шавҳару пайвандонашон тоб наоварда, даст ба худкушӣ мезананд. Ҳатто вақтҳои охир одат ҳам шудааст, ки модарон дар якҷоягӣ бо тифлакони масъумашон даст ба худкушӣ мезанад.
Хабари даст ба худкушӣ задан ё бе ному нишон гум шудани модар бо фарзандонаш, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ рух медиҳанд, касро ба даҳшат меорад.
Раҳматова Дилкушо як ҷавонзани тоҷик аст, ки дирӯз бо чор фарзандаш бе ному нишон гум шудааст. Ба гуфти шоҳидон зиндагии ин зан душвор будааст ва ӯ ба ранҷу азоб тоб наоварда, 4 фарзандашро гирифта, ба самти номаълум рафт ва то ҳол барнагаштааст.
Раҳматова Дилкушо ҳамроҳи чор фарзандаш Ширинова Нигина (10 - сола), Ширинова Зайнаб (8 - сола), Ширинова Хадиҷа (5 - cола) ва Ширинов Юсуфҷон (1 - сола) дар куҷост касе намедонад. Аз нафароне, ки ин занро бо кӯдаконашон дар ҷое дидаанд ё дар бораашон чизе медонанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба рақамҳои 934-24-50-04 дар тамос шаванд.