arzon replenishment
Рӯдакӣ: Шоҳидон чӣ мегӯянд?
787

Пайдо шудани тифли навзод аз яке аз партовгоҳҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдеро ба бор овард. Ирода Акрамова, як сокини ин ноҳияи калонтарини кишвар, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки дугонааш ин тифлро пайдо кардааст.

Сомонаи "Оила" бо Бэлла Негматова, раиси кӯчаи И. Сомонии 66-и шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ телефонӣ дар тамос шуд ва тафсилоти ҳодисаи пайдо кардани тифли навзодро пурсид. Хонум Негматова ин ҳолатро чунин шарҳ дод:

“Дар маҳаллаи мо нуқтаи партовпартоии бузург аст, ки ба ғайри мо 7 маҳаллаи дигар партови худро онҷо мепартоянд. Тақрибан соати 7- субҳ дарамро сахт заданд. Дилам хавотир шуд, ки чӣ гап бошад дар ин субҳ. Дарро кушодам, ки як духтар аз кӯчаи ҳамсоя пушти дар истодаву бо овози баланд мегуфт, ки як кӯдак дар партов ҳаст. Онҳо, ки ҷавон буданд, тарсиданд ва баъдан дар як қуттӣ латта партофта, кӯдакро гузоштанд. Тифл тамоми ҷояш пури хок буд, аз ҷумла даҳону биниаш пури хок буд. Ба фикрам таги хок кардаанд. Даҳону биниашро тоза кардам, танаш хунук буд ва намедонам, ки тифлро соати чанд партофтааст. Духтари ҳамсоя дар Беморхонаи марказии ноҳия кор мекунад. Мусоидат кард, ба беморхона бурдем. Ба кӯдак ёрии аввали тиббӣ дода, зери дастгоҳи махсуси нафасдиҳӣ (барокамера) гузоштанд. Ним соат бо кӯдак мондам, ба хона баргаштам ва баъди ду соат нозири минтақавӣ занг зада гуфт, ки тифл вафот кард. Тифл писар буд”, - гуфт ин шоҳиди воқеа.

Ӯ дар идомаи суҳбаташ гуфт, роҳи партовгоҳ камераи назоратӣ дорад, вале то ҳол нафареро ,ки тифлро он ҷо гузоштааст, пайдо накардаанд.

Мо барои маълумоти бештар пайдо кардан ба нозири минтақавӣ, ки Парвиз ном дорад, тамос гирифтем. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки айни ҳол дар рухсатии меҳнатӣ аст ва ба дигар нафар занг занем. Бо тавсияи ӯ, ба нафари дуюм тамос гирифтем, аммо масъули мавриди назар дар ҷавоб гуфт, ки ин минтақаи ӯ нест ва наметавонад чизе бигӯяд. 

Талошҳои мо барои суҳбат бо ҳамширае шафқате, ки тифлро то беморхона расонид, бенатиҷа буд. 

Бояд гуфт, ки пайдо кардани тифл аз партовгоҳу кӯча падидаи нав нест ва бархӯрди мардум ба чунин ҳодисаҳо хеле сахт сурат мегирад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон партофтани кӯдакони навзод дар партовгоҳу ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ буда, дар сурати пайдо гардидани чунин ҳолат, гумонбар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД