sebiston july new
РӮДАКӢ: КУШТОР БАРОИ ҚАРЗ
3121


Пулро “чикри даст” мегӯянд, вале аксар вақт маҳз ана ҳамин “чикри даст” боиси сар задани баҳсу мунозира, кашмакаш ва ҷангу ҷанҷолҳои шадид дар байни одамон мегардад. Ишқи пул метавонад одамро аз хонаву хонумон ҷудо намуда, ҳатто ба пушти панҷараи зиндон бубирад. Ҳодисае, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ сар зад, далели равшани ин гуфтаҳост...

Вазорати умури дохилаи кишвар аз боздошти як сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми куштор хабар дод. Манбаъд мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш тахминан соатҳои 15.30 сар задааст. Дар хабар омадааст, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои қарз бо як ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷанҷол карда, дар ҷараёни ин моҷаро ба шиками рақибаш корд задааст. Ҷабрдида бар асари ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД