Зулҳия зонувонашро оғӯш карда, дарунакӣ мегирист, дигар дар чашмони аз харобӣ фурӯрафтааш ашк ҳам намонда буд. Ғусааш оташ буд, ки пайкарашро месӯзонд, мегиристу ба тақдираш лаънат мехонд.
Доманбохта
Аслан айби худаш буд, бо Паймон дил баст, аз як нигоҳ ошиқи ӯ гашт, нозашро бардошт бо садои сулфааш лаббай гуфту ба ҳамин рӯз расид. Ӯ се сол аз Паймон хурд буд, аммо хонаи қалбаш ӯро ҷо кард, ҷавони қоматбаланди сафедандоми абрӯсиёҳ. Касе бовар надошт, ки Паймон бо ӯ хонадор мешавад, вале ба қавлаш вафо кард. Зеро ин ҷо сире буд…
Онҳо қариб ҳар шом вомехӯрданд, дар яке аз ҳамин гуна шабҳо Паймон, ки дар донишгоҳ мехонду ба таътил омада буд, маст шуда домани ӯро доғдор кард. Ва ҳамон ҷо ваъда дод, ки ӯро мегирад, модари ҷавон он қадар гапу хабараш равон кард, ки ногуфтанӣ.
«Якваҷабаи зарди беқошу миҷҷа ба як хандаи писари ман намеарзад, ман ӯро келин намекунам” гуфтанҳояш ба гӯши Зулҳия расида, дилашро гургон тала мекарданд, вале хомӯш буд. Оқибат Паймон ғолиб омаду амакҳояш ба хонаи онҳо хостгорӣ омаданд, модараш суханҳои бади модари Паймонро шунида буду розӣ нашуд ва Зулҳия маҷбур шуд рости гапро ба модараш бигӯяд. Модараш ним соат хомӯш буду баъд бо овози паст гуфт:
-Шарманда, ту ҳаргиз хушбахт намешавӣ!- Модари Паймон, ки ризо набуд, ниму нимкола ҷиҳоз оварданду як тӯйи оддӣ карда, Зулҳияро бурданд.
Беқадр
Паймон се рӯз ба Зулҳия наздикӣ накард, модараш рӯзи аввал тухмбирён карда, равон кард, хушдоманаш онро тараққӣ карда, ба пеши ӯ ва Паймон гузошта гуфт:
-Бечора занак, дарак надошт, ки тухмбирёна духтараш як сол пеш дар таги санҷити поёни боғашон хӯрдааст?!- Ранги Паймон канд, Зулҳия гирён шуд. Дар хонаводаи шавҳар саг қадр дошту ӯ не, ду ҳевари дигарашро зан дода, ҷудо карданд.
Се хоҳари шавҳараш шавҳар карда рафтанд ва ӯ, ки хушдоманаш дӯсташ намедошт, дар хона бо хусуру хушдоман монд. Соҳиби ду духтару ду писар шуд, вале шавҳараш дар ҳамин понздаҳ сол хуб бошад, як сол ҳамроҳаш буду халос. Ӯ дар пойтахт кор мекарду ҳар гоҳ хоҳад, ба назди зану фарзандонаш меомад, ҳар гоҳе Зулҳия аз вай чизе пурсиданӣ шавад, бо қаҳр мегӯяд:
-Милисапурс накун!
Хусураш умуман бо ӯ гап намезанад, субҳ сари заминҳояш рафта, бегоҳ бармегардад, хушдоманаш бошад, ҷигарашро дар сих кашида кабоб мекунад. “Писарам ҳайф шуд, фарзандонат мисли худат пакана, ба зӯр дар хонаам даромадӣ, писарамро ҷоду кардӣ” ва ҳазор гапи ҳар рӯз такрор, дуриву беаҳмиятии шавҳари як вақтҳо ошиқаш ӯро бемор кардааст.
Исён
Зулҳия саводи хуб дошт, аммо аз пушти ишқу ошиқӣ дигар нахонд, акнун намедонад сарашро ба куҷо занад. Аз кардаи худ пушаймон асту ба Лайливу Маҷнун нафрин мефиристад, гӯё онҳо оинномаи ҳизби муҳаббатро навишта бошанд.
Шавҳараш дар пойтахт дар як фирмаи хориҷӣ кор мекард ва ба гуфти худаш дар хонаи холии як рафиқаш иҷора мешинад. Зулҳия аввалҳо ӯро зорӣ мекард, ки як борак шаҳраш барад, то беғам як ҳафта дар канораш бошад, аммо Паймон ман ин хел шароит надорам гӯён, рад мекард. Ду моҳ бо ҳар баҳона Паймон хона наомад, хушдоманаш дар ин миён ду бор ба назди ӯ ба духтур рафт.
Ҳар шаб як бор занг зада, мисли бегонаҳо аҳволпурсӣ мекарду халос, ҳатто ба фарзандонаш меҳр надошт. Омад-омади Паймон шуду Зулҳияи афгор сару рӯ шӯст, қош чинд ва худро каме ба ифоқа овард, хушдоманаш ба вай нигариста заҳрханд мезад.
Паймон омад, Зулҳия ош пухту хоҳаршӯйҳою додаршӯйҳояш омада, сарҷамъ сари дастархон нишаста хӯрданду рафтанд. Паймон, ки фарбеҳу тозаву зебо шуда буд, онҳоро бо мошини сапсафеди қимматбаҳояш бурда, дар хонаҳояш монда омад. Духтари калонияш аз падараш неву аз бибияш пурсид:
-Бибӣ, падарам мошин харидааст?- Хушдоманаш чашмонашро ало було карда гуфт:
-Не, ин мошини як рафиқаш аст, падарат аз куҷо пул дорад, ки мошин мехарад,- Зулҳия аз мошин ҳам безор буду аз дунё ҳам, зуд дастархонҳоро ҷамъ карду ба хонаи хобаш даромада, ҷогаҳ андохт ва атри арзонбаҳои барои рӯзҳои мабодо пинҳон намудаашро ба баданаш пошида, маътали шавҳараш истод.
Ӯ бо модараш хеле сӯҳбат карду ним соати дигар телефонӣ ва баъд омада, ба бистар даромад ва хобаш бурд, ҷавонзан он шаб то субҳ гирист. Субҳ хушдоманаш чашмҳои варамидаашро дида, “бо чӣ бало задат” гӯён, пурсиду Зулҳия бо алам гириста ба ӯ гуфт:
-Паймон ба ман аҳамият намедиҳад, охир ман ҳам занам!- Хушдоманаш хандиду гуфт:-Бечора бачам дар ҳаму таги санҷит сер шуда буд аз ту…
Давом дорад ...