Писарбачаи яксола Эйс-Лиам Нана аз кишвари Африқо ҳамчун рассоми ҷавонтарин ба китоби рекордҳои Гиннесс ворид гардидааст.
Тавре модари тифлак мегӯяд, писараш дар шашмоҳагӣ расмкаширо сар кардааст. Модар барои машғул сохтани ҷигарбанди худ дар наздаш мӯқаламу коғаз мегузоштааст ва ҳангоми 11-моҳагии Эйс-Лиам аз истеъдод доштанаш бовар ҳосил намудааст.
Охири соли гузашта писарак дар намоишгоҳе ширкат варзид, ки дар он расмҳои кашидааш дар қатори дигар рассомони касбӣ ба фурӯш гузошта шуд.
То ба имрӯз ҳамагӣ 11 лавҳаи писарак фурӯхта шудааст.