Моҳпайкар дар оғози зиндагиаш аз ҳаёт хеле розӣ буд. Шавҳари хубу пулёбаш дар як идораи муътабар кор мекард. Шавкат, ки табиатан марди дилёб ва оиладӯст буд, тамоми ҳастии худ ва вақти холиашро ба оилааш мебахшид.
Тӯли бист соли зиндагиаш ба зани худ боре ҳам бо овози баланд сухан нагуфта буд. Занҳои дигар, ҳатто хоҳарони Шавкат дар ин масъала ба Моҳпайкар рашк мекарданд, ки чунин шавҳари «худодод» дорад. Зиндагиашон ба дараҷаи олӣ набошад ҳам, камбағалу нодор набуданд. Се фарзандро калон мекарданд, ки калонияш писар буд. Аммо бадбахтиҳои ӯ баъд аз зангир шудани писараш сар зад.
Шавкат, ки рафиқони зиёде дошт, дар ҳалқаи дӯстон нияти зан додани писарашро гуфт. Дӯсти наздиктаринаш Саидакбар аз тасмими Шавкат огоҳ шуда, шӯхиомез гуфт:
- Куҷо сарсон шуда, келин мекобӣ? Биё, духтари худамро келин кун. Ту ӯро мешиносӣ ку...
Дар ҳақиқат, Шавкат духтари боодоб ва хеле зебои дӯсташро медонист. Ҳамчунин медонист, ки дар оилаи Саидакбар ба тарбияи фарзандон хеле диққат медиҳанд. Он вақт Шавкат бо ҷиддият гуфт:
- Чаро не? Агар қудо шавем, боз ҳам наздиктар мешавем.
Дӯстони дар он ҷо ҳузурдошта бо як овоз «омин» гуфтанд, аммо «омин»-и онҳоро аз афташ фариштаҳо дастгирӣ накарда будаанд…
… Бегоҳирӯзӣ Шавкат ба хона баргашта, тасмими худро дар мавриди келин кардани духтари дӯсташ ба занаш гуфт. Моҳпайкар ҳарчанд оилаи Саидакбарро намедонист, аммо ба фикри шавҳараш розӣ шуд ва онҳо тасмим гирифтанд, ки дар наздиктарин фурсат ба хонаи Саидакбар ба хостгорӣ раванд. Дар оилаи дӯсташ низ ин хабарро бо хушӣ қабул карда, хостгоронро ноумед накарданд. Рӯзи фотиҳатӯй ҳам муайян шуд.
Одатан дар фотеҳатӯй хешони наздики домод даъват мешаванду ба хонаи арӯсшаванда мераванд. Аз панҷ хоҳари Шавкат се нафарашон хоҳиши ба хонаи қудои бародарашон рафтанро карданд ва ҳамроҳ бо Моҳпайкару дигар хешовандони домод ба хонаи Саидакбар омаданд. Зани Саидакбар – Шарқия меҳмононро бо чеҳраи кушод, дар долони васеи назди дарвозаи пурнақшунигор, пешвоз гирифт.
- Биёед, садқаи қадамҳоятон шавам,- ӯ даъват мекарду аз чашмонаш барқ мепарид.
Маълум буд, ки аз омадани хешони домод хеле хурсанд аст. Саидакбару занаш меҳмононро чунон пазироӣ карданд, ки даҳони хоҳарони Шавкат во монд. Хонаю дари Шавкатро дида, онҳо дигар ёрои сухан гуфтан надоштанд. Чанд бор Чинигул-хоҳари калонии Шавкат ба ҷои нон, дасти худро газид. Сайрамгули хоҳараш бошад, чойи пиёлаашро аз даст афтонд. Аммо соҳибхона чунон бо чеҳраи кушод ин «бедаступоии» Сайрамгулро рӯпӯш намуд, ки ҳама ҳайрон шуданд. Баъд аз анҷоми зиёфат, вақти гусел Саидакбару занаш бо хоҳиши ҷониби домод розӣ шуданд, ки рӯзи тӯйро онҳо муқаррар намоянд…
Моҳпайкар аз ёфтани чунин қудоҳои хуб хурсанд буд. Аммо, то замоне, ки Чинигул раҳораҳ ба гӯши ӯ нагуфт:
- Эҳ, дилам ба ту месӯзад, янга. Акнун зиндагиат рӯ ба касодӣ меорад. Аз ҳоло маълум, ки қудоҳоят коре карда, оилаи шуморо ба даст оварданӣ. Худат медонӣ, ки шавҳарат як марди орому гаправ. Қудоҳои нават бошанд, бои дакаданг ва маълум, ки гапашон ба ҳама ҷо мегузаштагӣ… Дигар тую духтаронат хизматгори ин бойзан мешавед…
- Ин хел нагӯед, қудоҳо одамони хуб барин…
- Хубиашонро ҳозир мебинӣ. Баъд аз он, ки писаратро соҳиб шуданд, хӯҷаини ҳамаатон мешаванд,-сухани апаашро тақвият дод Сайрамгул.
«Одамро одам вайрон мекунаду ҷару ҷӯйро об» мегӯянд. Баъд аз ин суханони хоҳарони Шавкат дар дили Моҳпайкар ҳисси нобоварӣ пайдо шуд. «Агар рафту гапи аммаҳои писараш рост бароянд чӣ? Он гоҳ ҳам аз писараш ҷудо мешаваду ҳам ба балои ин қудоҳо мемонад. Рост, ин хонаҳои онҳоро бинанд. Ҳавлии мо барои онҳо оғилхона ҳам барин не…Ин шавҳари ман ҷӯра дорам гуфта, бо кӣ қудо шуданист?»
Рӯзи дигар ҳам хоҳарони Шавкат ҳуҷуми худро ба Моҳпайкар кам накарданд. Аз тариқи телефон гоҳ инашу гоҳ ваяш занг зада, «ояндаи тираи» Моҳпайкару оилаашро бо ҳазор рангу бор пеши назараш меоварданд.
- Охир, ман чӣ хел ба рӯи онҳо нигоҳ карда, фотеҳагардон мекунам? Магар айб намешавад?
- Не, янга, ту дониста бош, ки ояндаи як фарзандат не, ҳамаатон дар хатар аст. Ин акаи мо ба кӯрпааш нигариста, пой дароз карданро намедонад. Агар хоҳӣ, ки зиндагиат вайрон нашавад, ба қудоят телефон карда гӯй, ки бо онҳо хеш шуданӣ нестед…
То бегоҳ Моҳпайкар ғарқи андеша буд, ки чӣ кор кунад. Хост аввал бо Шавкат маслиҳат кунад. Аммо ба ёдаш расид, ки Шавкат Саидакбарро дӯсти наздиктарини худ меҳисобид ва албатта «не» мегӯяд. Ҳарчӣ бодо бод гуфта, ӯ аз телефони шавҳараш рақами Саидакбарро гирифта, субҳи барвақти рӯзи дигар ба ӯ занг зад...
Давом дорад ...