Оташи рашк
Қариб сад бор зориҳои шавҳарамро хондам, Сафина ба ӯ ҷавоби рад дода, писандаш намекунад, аммо ин Маҷнун…
-Ака, бо шумо рақс кардани ман маънои онро надорад, ки ман як фоҳишаам ё бероҳа, наход як марди зиёӣ ҳаминро нафаҳмед. Ман духтари ҷавон нестам ва умуман ин гуна корҳои ҳаромро бад мебинам, ман дар як донишгоҳи бонуфуз ба хонандагон дарс мегӯям, тарбиятгарам,- навиштааст ӯ, аммо шавҳарам ӯро зорӣ мекунад.
-Сафинаҷон, ман дар умрам аввалин бор ошиқ шудаам, бӯйи атратон, гармии нафасатон, дастонатон пеши чашмонам ҷилвагаранд.
Ин аввалину охирин хабаре буд, ки ман аз ишқи онҳо ёфтам. Дигар шавҳарам телефонашро пинҳон мекард, ман ба он дастрасӣ надоштам ва оташи рашк устухонамро сӯхт. Ман бо телефон он қадар сару кор надоштам, барқасди шавҳарам ҳама нозукиҳои телефонро омӯхтам, дар чанд шабакаи интернетӣ бо номҳои дигар аъзо шудам, ба шавҳарам паёмак мефиристодаму мехостам санҷамаш, аммо ӯ ҳатто паёмҳои маро намехонд ва на дӯстиямро қабул мекард. Ба шавҳарам чизе намегуфтам, вале худам ба худам мегуфтам, ки Сафина бо шавҳарам дӯст шудааст, шояд зани дуюмаш бошад ва ғам мехӯрдам. Писари дуюмамро ҳам зан додам ва писари Зарух, писари калониро дар маркази вилоят кор доданд. Ӯ бо занашу духтарчааш кӯчида, ба ҳамон ҷо рафт, Осия ҳама дарду аламамро медонисту тасаллоям медод, мегуфт, ки ғами беҳуда нахӯред. Бо келини хурдӣ роздон набудам, аз ин рӯ, баъди панҷ соли сӯхтанҳо як шаб «кафидам»-у бо шавҳарам ҷанг кардам ва гуфтам, ки ман медонам ӯ Сафинаро зани дуввум кардааст.
Гиряи мард
-Барои як беваи ҷалаби почакандаи гесӯбурида ман ба бемориҳо задам, шабу рӯз месӯзам, ту “командировка” гуфта, пеши вай меравӣ,- мегуфтаму мегиристам. Ранги шавҳарам канд, ӯ хандаи талхе карду баъд чашмонаш ғарқи об шуда гуфт:-Бибиҳоҷӣ, девона нашуда бошӣ?! Бале, ман се сол боз ошиқу гирифтори Сафинаам, намедонам ин дарди ҳарина аз куҷо ба ман часпид, аммо ӯ бо ман ҳатто гап намезанад. Ман ишқи ӯро кайҳо дар дилам гӯр кардам, вале ба ҳама занҳо бефарқ шудаам. Ё шояд каттагию нописандии ӯ диламро аз занҳо мононд,- шавҳарам ин гапҳоро мегуфту оби чашм рӯяшро мешӯст. Ман дигар чизе нагуфтам, вале хеле сабук шудам…
Пас аз як моҳи кӯчиданашон Осия як шаб занг зада, “очаҷон, биёед як кори зарур дорам, илтимос биёед” гуфт. Рӯзи дигар шавҳарам маро бурда, ба таксие шинонду рафтам ба хонаи писарам, ростӣ бори аввал мерафтам. Хонаи зебову барҳавову роҳат, бо Рукминача хеле бозӣ кардем, баъд Осия гуфт:
-Оча, духтари Сафина ҳамсояаамон аст. Вай бо ман дугона шудааст, як рӯз модарашро дида гуфтам, ки “очаат дар тӯйи ман баранда буданд. Ӯро аммаам бурда буд”, вай гуфт, ки “очаам барандагӣ мекунад дар тӯю маъракаҳо”, вай ҳар рӯзи якшанбе ба хонаи духтараш меояд, ман ӯро хушдоманам омадааст гӯён, назди шумо даъват мекунам, майлаш?- Аммо кор дигар хел сурат гирифт, духтари Сафина, ки мисли лӯхтак зебо буд, қарибиҳои нисфирӯз омада, ба Осия гуфт, ки модарам омадааст, хушдоманатро гирифта хона даро. Дар дилам ларза ҷо гирифт, охир ман душманамро медидам, сабабгори ҳама бемориҳоямро…
Пушаймонии бесуд
Сафина моро беҳад самимӣ пешвоз гирифт, бемории қанд доштанамро фаҳмида, махсус барои ман духтараш хӯрокҳои парҳезӣ тайёр карда будааст. Ман оҳиста-оҳиста ба мақсад наздик омада гуфтам, ки “шумо дар тӯйи писарам баранда будед”, ӯ гуфт, ки ёд дорад ба хотири дугонааш Гулсифат рафта буд. “Шавҳарам ба шумо ошиқ шуда буд” гуфтам бо ханда, Сафина бо хандаи зебо гуфт:
-Ҳа, як сол безор кард, оқибат ҳақоратам доду даст кашид аз ишқаш. Ман бисту се сол доштаму духтарам шашмоҳа буд, ки шавҳарам бо духтархолаам гашта, ӯро ба занӣ гирифт. Ман аз хешу таборам гузашта, аз деҳа ба шаҳр омадам ва худамро сохтам, аз аввал як зани рӯймолбанд ва дар мактаби деҳа муаллима будам. Хизмати сездаҳ нафар аҳли оилаи шавҳарро мекардам, духтари холаам шаҳрӣ буду зуд-зуд ба хабаргириям меомадагӣ шуд. Шавҳарам бо ӯ рост гирифта, ба шаҳр рафт аз думболи ӯ, ман аз ҳамон вақт инҷониб ба ҷинси мард нафрат дорам. Қариб буд духтарамро ба шавҳар надиҳам, бародарам хуб ҷангам кард, ки ба бахти духтарат зомин нашав. Ана ҳамин хел дугона…
То шом бо Сафина сӯҳбат кардам ва хона омада, пеши келинам хуб гиристам, гӯр рашку гумонам шавад, худамро бемори бистарӣ кардам.
Илтимос, хоҳарони азиз, беҳуда ғам нахӯреду асабӣ нашавед, ҳеҷ чизи дунё ба саломатӣ намеарзад!
Савсан, шаҳри Бохтар
Таснифи Нисо Холид