Ассалому алайкум! Ман як мушкили равонӣ дорам. Ба шавҳарам хеле рашк мекунам. Вақте ки занон бо ӯ суҳбат мекунанд, ман худро бад ҳис мекунам.
Маслиҳат диҳед, чӣ гуна рафтор кунам, ки ҳолати худро сабук кунаму аз ин дард раҳо ёбам? Баъзан аз шиддати рашк рӯзу шабамро фаромӯш кардаам. Мефаҳмам, ки бемории рашк шудаам.
Илтимос, агар ягон духтри рӯҳшинос бошад, маслиҳат дихад, ки аз ин дард раҳо ёбам. Маслиҳати онҳоеро низ қабул дорам, ки чунин дардро аз сар гузаронидаанд.
Б. У.