Sebiston new 2024 october
Рашк (анҷом)
1753

 

Давомаш. Қисми аввалашро дар ин ҷо хонда метавонед.

Собир ба қаҳр сӯйи утоқи завҷааш рафт. Ситора воқеан хоб буд. Дар давраи аввали ҳомиладорӣ бошад ё барвақт хестанаш буд, ки имрӯз хеле даста шуда камтар пеш аз омадани шавҳар хобаш бурд.

Ҳамин замон шавҳараш дод гуфта омаду аз ду дасти Ситора кашола кард. Келинчак аз тарс қариб буд гурдакаф шавад.

-Чӣ гап, чӣ шуд Собир? - таҳайюромез пурсид келинчак.

-Чаро ба модарам гап гардонди гуфтаҳояшро накардӣ?

- Не ман гап нагардонидаам. Ғайр аз ин ҳама гуфтаашонро ҳам кардам.

- Ша келин ба Шумо ош дам кунед нагуфтам, давида омада ба гап ҳамроҳ шуд Саодат.

-Гуфтед модарҷон ҳоло барвақтку?

- Ҳоло барвақт ман гурусна шинам то пухтани хӯрокатон?

- Гурусна намешинед ҳозир мепазам,-афзуд Ситора.

-Дидӣ! Гардонию гапгардрнии занатро дидӣ?

- Ба модарам гап нагардон, - гӯён ба сари Ситора задани буд Собир вале дасташро дошта ғазабашро фурӯ бурд.

- Ҳа чӣ шуд? Дасти боғазаб бардошта шуда чаро поён рафт? Латта ҳамсратаро зада наметавонӣ? Латта э мард нашуда рав.

Аз суханҳои модар бадтар ғазабгок шуда Собир аз дасти Ситора кашола карда ба рӯяш як шаппотӣ зад Шаппоти чунон обдор буд, ки кнлинчаки бечора ба рӯйи фарш афтид. Ва шикамашро дошта фиғон баровард.

- Кӯдакам, кӯдакам, - мегуфту мегирист.

Аз ин ҳолат Саодат ҳам Собир ҳам мутаҳаййир шуда ҳуд Ситораро ба духтур бурданд. Пас аз чанд вақт духтур баромада гуфт:

- Афсӯс як фарзандатон нобуд шуд. Ӯ бо зарби сахт ба замин афтидааст.

-Чӣ як то фарзандам нобуд шуд?

-Бале мутаассифам. Лекин дуввумиро бояд сахт эҳтиёт кард. Агар ӯ зарб намехӯрд, ҳоло соҳиби ду кӯдак мешудед....

 

Саодат аз ин рафтори худ сахт пӯшаймон шуд. Фикр намекард, ки кор то ин дараҷа мераваду набераи норасидаашро аз даст медиҳад.

- Чаро ин тавр кардам? Ман интиқоми зиндагии гузаштаамро аз фарзандону келинҳоям гирифтам. Фарзандонамро ба келинҳоям рашк кардам. Яктоашро ба ман маошатро намедиҳӣ аз ман пулатро пинҳон мекунӣ гуфта ҳар рӯз ба писарам мезанондам. Бахти онҳоро барбод додам. Ҳар боре, ки ба келинонам зулм кардам духтарам аз шавҳару хушдоманаш айнан ҳамон рафторро дид. Эҳ Саодат наход фарзандатро рашк барӣ!? Ин чӣ шармандагӣ буд. Бас худатро ислоҳ кун. Ту ба қадри келинҳоят ба қадри писаронат бирас. То пагоҳ аз ту ба некӣ ёд кунанд. Охир ин олам гузарост. Бо некӣ ҳам бо бадӣ ҳам умри инсонӣ меравад. Эҳтироми инсонро танҳо бо меҳру муҳаббат лутфу навозишҳои сазовор шави поянда мемонад агар он эҳтиром дар натиҷаи тарс бошад рӯзе гум мешавад. Ҷойи онро нафрату адоват мегирад, - Саодат ба худ ваъда дод, ки дигар ба келинҳояш зулм намекунад. Ба фарзандонаш беҳуда ганда карда онҳоро намезанад.

-Ман зиндагии бехушунатро мехоҳам. Дигар ба ҳеҷ кас кина намеварзам. Келинҳоям духтаронам, келинҳоям тоҷи сарам. Аз келинҳои ширинакам гардам.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД