Раққосаи ҳиндӣ ба китоби рекодрдҳои “Гиннес” дохил шуд
Каламандалам Ҳемалетҳа, раққосаи 47-солаи ҳиндро ба он хотир ба Китоби рекордҳои “Гиннес” дохил кардаанд, ки ӯ моҳи сентябри соли 2010, яъне даҳ сол қабл, замони 37-солагиаш дар шаҳри Триссури иёлоти Кералаи Ҳиндустон давоми 123 соату 15 дақиқа беист рақси миллии ҳиндии “Моҳиниаттам”-ро иҷро карда, рекорд нишон дода буд. Пас аз чанд рӯзи овоза шудани ин хабар, намояндаи Китоби рекордҳои “Гиннес” Амарилис Уайтӣ рекорди гузоштаи Ҳемалетҳаро расман тасдиқ карда, ба ӯ сертификат тақдим карда буд. То ҳол рекорди гузоштаи ин бонуро касе нашикастааст ва ӯ ҳамоно иҷрокунандаи тӯлонитарин рақс дар миқёси олам мебошад. Каламандалам Ҳемалетҳа мегӯяд, ба он хотир рекорд гузошт, ки рақси миллӣ дар таърихи сабки фолклорӣ мақоми сазовор бигирад.