Formula novemver 2024
Раҳми мор (қисми 2)
23.03.2022
Оила
3421

Домоди хира

Ба мактабамон аз деҳаи ҳамсоя як ҷавони қоматбаланди зебо муаллими тайёрии ибтидоии ҳарбӣ шуда ба кор омад. ҷамшед ба мактаб омаду аз рўзи дигар ҳама духтарони синфҳои даҳу ёздаҳ ва ду се нафар муаллимаҳои ҷавон худашонро дигар гуна оро дода омаданро сар карданд. Аз куҷое хабар ёфтанд, ки ин ҷавонмарди чорпаҳлў зангир будааст. Ман умуман ба вай бепарво будам, аммо ҷамшед бо нигоҳҳояш ба ман мефаҳмонд, ки ба ман гап дорад. Барои ў фарқ надошт, ки ман духтари мудири маорифи ноҳия ва директори мактабам, гап медоду гап медод. Дид, ки намешавад хостгоронашро фиристод, падари ҷамшед корманди милиса ва модараш духтур буд, падарам розӣ буд, аммо модарам, то диплом нагирад, ба шавҳар намидиҳам гуфта, ба ҳама баҳсҳо нуқта монд. Аммо ҷамшед, дили амаку тағову ва оқибат бибиямро ёфта, бори дигар хостгоронашро равон кард. Ман эҳсос мекардам, ки ҷамшед ба модарам ҳам маъқул аст, аммо аз принсипҳои худ гаштанӣ нест. Намедонам бори чорум ё панҳум буд, ки амаку падари ҷамшед меҳмонамон шуданд, бибиям асозанон вориди њавлиямон гашту бо овози баланд гуфт:

-ҳамин духтарро ман калон кардам, яксола буд, ки ба ман мондиву кор баромадӣ, ман поку пиҳил ба ҷамшед бахшидам духтарамро, чӣ ман ҳақ надорам?! Њама ба ин гапи бибиям даст ба рўй кашиданду модарам ҳайрон-ҳайрон ба ҳама нигариста гуфт:-Оҳ хирае, шуллук барин часпида, ахир корашро кард….

Ростӣ, ман хурсанд будам, зеро талошҳои ҷамшедро барои ба даст оварданам дида, дўсташ доштам. Тӯйи мо шояд тўйи зеботарин буд дар деҳа, ҷамшед ҳам гӯштин мегирифту ҳам човандозӣ мекард. Ӯ мисли дигар ҷавонон маро бо мошини хориљии қимматбаҳо не, балки бо аспу аробаи зебо ба хонаашон бурд. Зиндагиямон ширин оѓоз ёфт, хушдоманам ду писар дошту духтар не, маро мисли духтараш дўст медошту ман низ ба ин зани меҳрубон зуд унс гирифтам. ҳеварам дар донишгоҳ мехонд, дар ҳавлии калони хушбоду ҳаво ману шавҳарам ва хусуру хушдоманам мезистем. Баъдтар ҷамшед ба комиссариати ҳарбии ноҳия ба кор гузашту ман ба мактаби деҳаи онҳо, ки дар паҳлӯи хонаамон буд, ба кор оғоз намудам. Падару модарам низ аз домодашон розӣ буданд, шукронаи зиндагии ободи маро мекарданд…

                                Якрав

Пас аз як соли зиндагии якҷояамон соҳиби писараки нозанине шудам, ба шарафи падари хусурам номашро Аҳад мондем, вале Бобоҷонаш мегуфтем. ҷамшед дар ҷойи кораш ба зинаи баландтар баромад, зиндагиямон хуб буд. Мо чорвои бисёр надоштем, як гову гӯсола ва асп доштем, як рўзи истироҳатӣ ҷамшед хост майдакоҳҳои каҳдонро берун бароварда, оташ сар диҳаду онро барои захира намудани хошоки тоза тайёр кунад. Хушдоманам гуфт:

-Бачам, мон як-ду моҳ гузарад баъд, ҳоло моҳи апрел аст, то тобистон вақт меёбӣ. Чун дид, ки писараш аз азмаш гаштанӣ нест, илова кард,- он ҷо море бача кардааст, чанд морбача мегардад, яке онҳоро насўзонӣ, ки модарашон қасд мегирад.

Ман аз ин гап тарсида, дигар ба каҳдон наздик нашудам, вале ҷамшеди якрав гуфт:

-Оча, мор ҳеҷ гоҳ бачаҳояшро нигоҳубин намекунаду аз онҳо хабарам намегирад, наход духтур шуда, ҳаминро надонед. Хулоса гапи хушдоманам ҳам нагузашту ҷамшед њасу хошокро бароварда оташ сар дод. Аз даруни оташ чанд морбачаи хурдакаки нимҷон баромада гурехтанӣ шуданд, аммо шавҳарам онњоро бо пояш зада кушту дохили оташ партофт. Ман аз мор сахт метарсидам, аз як тараф хурсанд шудам, ки морҳоро нобуд кард ва ин воқеаро фаромўш кардам…

                                   Раҳми мор

Чанд рўз пас аз ин воқеа хусурам ҳамроҳи ҷамшед ба хабаргирии ҳеварам ба пойтахт рафтанд ва хушдоманам бо ман мехобид. Нисфи шаб хушдоманам маро бедор карда гуфт:

-Гулафрўз, хез, гумонам аз болоям чизе гузашт, гурба даромад ба фикрам. Ман хеста чароғро гирондам, ки чизе набуд, ҳамин вақт ба хушдоманам нигаристам, ки бо даҳони во ба сўйи гаҳвораи писарам нигоҳ дошт. Ман ба он сў нигариста, дар ҷоям ях кардам, гўё санг баста будам…

Мори сип-сиёҳи дарозе ба дастаи гаҳвораи писарам печида, сараш болои рўйи писарам мерасид. Бобоҷон аз дунё бехабар оҳубарра барин дар хоби роҳат буд, мор намедонам чанд дақиқа дар ҳамон ҳолат истоду баъд хазида аз боли гаҳвора фаромада, баромада рафт. Дигар ёд надорам, кай ба худ омадаму рафта аз берун об оварда, ба рӯйи хушдоман пошидам. Пас аз ин воқеа хушдоманам як соат ҳам дар хона наистода, субҳодамодам ба хонаи амаки шавҳарам рафтем, чун хусураму шавҳарам омаданд, хушдоманам бо дидаҳои гирён воқеаро нақл карду шавҳарамро сарзаниш намуд. Як моҳи дароз хушдоманам дар хонаи ҳеварашу додаронаш зиндагӣ кард, вале оқибат ба хона баргашт. Аввалҳо ба тарс зиндагӣ мекардем, вале оқибат аз ёдҳо ин ҳодиса фаромўш шуд. Як сол пас ҳеварам донишгоҳро хатм карду ўро зан додем ва мо кўчида, ба пойтахт омадем. Шавҳарам ба кори баландтар гузашту духтарчаам таваллуд шуд, як баҳор ба қишлоқ рафтему ҳамсарам ҳамроҳи додараш ба кўҳ хоччинӣ рафтанд ва он ҷо ўро мор газид. Бо талоши зиёд ў аз марг раҳид ва хушдоманам боз ҳамон мори алами фарзанддидаро ба ёдаш оварда гуфт:

-Мор аз ту дида бараҳмтар будааст, ин дафъа ҳам ба ҷони ҷавонат раҳм кардааст…

Шукри Худо дигар мор дар ҳаёти мо пайдо нашуд, намедонам ин амри тасодуф буд ё чизи дигар, вале ин ҳамаро аз дидаҳоям нақл кардам, аҷаб таззодҳое дорад зиндагӣ…

                                                                               Гулафзо

                                                                           Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД