Formula novemver 2024
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАБОБАТИ МАМЛАКАТ ХОҶАЕВАРО БА ЗИММА ГИРИФТ!
2701

Баъд аз оне, ки дар сомонаи Oila.tj матлабе оид ба вазъи саломатии Мамлакат Хоҷаева, сокини 31 - солаи деҳаи ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба нашр расид, бо дастури бевоситаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба дидорбиниаш рафтанд.

Ба Мамлакат Хоҷаева, ки модари як фарзанд буда, ба сабаби беморӣ озод роҳ рафта наметавонад, аз номи раиси вилоят маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, гӯшт, биринҷ, пиёз, картошка, сабзӣ, инчунин аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.

Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи МИҲД вилояти Хатлон зимни суҳбат бо мухбири сомонаи Oila.tj Мирсаид Сатториён гуфт, ки тибқи дастури Қурбон Ҳакимзода, шаҳрванд Мамлакат Хоҷаева аз ташхиси мукаммали тиббӣ гузаронида шуда, сар аз рӯзи душанбе дар Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар бо ҷалби табибони соҳибтахассус ба таври ройгон муолиҷа хоҳад гирифт. "Дар беморхона барои Мамлакат аллакай як ҳуҷраи алоҳида ҷудо карда шудааст. Худи ӯро рӯзи душанбе ба беморхона меоранд. Раванди табобат зери назари нейрохирургҳои ботаҷрибаи вилоят баргузор мегардад. Тамоми доруву дигар лавозимоти тиббӣ аз ҳисоби ҳукумати вилоят таъмин карда мешавад. Табобати Мамалакат тибқи маълумоти ба мо расида дар ду давра амалӣ карда мешавад", - гуфт Носирҷон Маъмурзода.

Мухбири сомона Мирсаид Сатториён барои фаҳмидани вазъияти Мамлакат Хоҷаева бо Алихон Нуралиев, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ суҳбат намд. Бино ба иттилои Нуралиев раванди омодакунии Мамлакат ба табобат пурра зери назари ӯ қарор дорад. "Бо супориши раиси вилоят мо ҳамроҳи як гуруҳ табибон ба аёдаташ рафтем. Ҳамроҳаш суҳбат кардем ва аз вазъияташ огоҳ шудем. Дар ҳақиқат аҳволаш бад аст".

Ба иттилои сартабиб Мамлакат 6 сол пештар аз ин гирифтори чураи сутунмуҳра (грижа диск) шуда буд. Дар пойтахт ҷарроҳиаш карданд, вале баъди ҷарроҳӣ аз еэҳтиётӣ афтида, дубора ҷарроҳӣ шуд. "Чанд муддат баъди ҷарроҳӣ вақти об задани ҳавлӣ ба шланги об пешпо хӯрда, меафтад ва ҷойи ҷароҳиаш осеб мебинад. Бори дуюм ба Душанбе рафта, ҷарроҳӣ кард, аммо ин даъфа он бомуваффақият анҷом наёфтааст, ки ӯ имконияти озод роҳгардиашро аз даст дод. Ҳоло вазъияташ беҳтар аст ва мо ӯро рӯзи душанбе ба Беморхонаи вилоятӣ мебарем. Раванди табобат пурра зери назорати раиси вилоят мегузарад", - гуфт Алихон Нуралиев.

Худи Мамлакат Хоҷаева зимни суҳбат гуфт, ки худро айни ҳол нисбат ба рӯзҳои пештара бадтар эҳсос мекунад. "Миёнам қариб, ки кор намекунад. Пештар каму беш аз ҷой мехестам, лекин ду рӯз мешавад, ки ҳолам бадтар шудааст. Сартабиби беморхонаи ноҳия ба аёдатам омад ва гуфт, ки мо ҳамаи кӯшишро мекунем, ки ту шио ёбӣ", - гуфт Мамлакат. 

Мамлакат Хоҷаева ва модараш аз ёрии амалии роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми маъюбону эҳтиёҷмандонро таҳти ғамхории махсус қарор додаанд, миннатдории самимӣ баён карданд.

Пизишкон табобати Мамлакат Хоҷаеваро дар муассисаҳои тиббии мамлакат имконпазир мехонанд ва барои дармонёбии мавсуф аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад шуд. Табобати Мамлакат таҳти назорати раиси вилояти Хатлон сурат хоҳад гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД