Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигорӣ шинохтаи тоҷик, ки бо тахаллуси Ғарибшо маъруфу машҳур аст, аз надоштани манзили истиқоматӣ шикоят кардааст.
Рӯзи гузашта бо иштироки Бахтиёр Раҳимов дар ютубканали Орзу Исоев наворе нашр гардид, ки дар он ин ҳаҷвнигори шинохта аз хна надоштанаш шиква намудааст.
«Сабр чизи хуб аст, аммо ман сӣ сол сабр карда, худ ба худ мегуфтам, ки аз ман дида, одамони ниёзмандтар ҳастанд. аммо сабрам самар надод. Ниҳоят ба қароре омадам, ки ба шумо муроҷиат намоям.
Муроҷиати ман ба нафароне аст, ки дасти хайр доранду шароиташон хуб аст. Мехоҳам барои ҳалли мушкилоти худам, ки 30 сол боз аз беманзилӣ азият мекашам, муроҷиат намоям. Ман аз соли 1993- и асри гузашта сокини шаҳри Душанбе ҳастам ва дар шиносномаам низ сабт шудааст, ки дар ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковский, яъне маҳаллаи 33-и пойтахт дар хобгоҳи Вазорати фарҳанг ба қайд гирфта шудаам. Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев ба кормандонаш дар хобгоҳ ҷой медод ва ман низ дар он хобгоҳ зиндагӣ мекардам, вале солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо зӯрӣ, яъне б қувваи яроқ маро аз он хобгоҳ берун карданд.
Пас аз чанд сол, вақте ҷумҳуриамон ором гашт, дубора ба хобгоҳ баргаштам, аммо дар хонае, ки барои ман ҷудо шуда буд, аллакай 10-12 нафар зиндагӣ мекарданд ва ман аз баҳраш гузашта иҷранишин шудам. Ҳамин тавр 30 сол шуд, ки дар ба дари иҷорахонаҳо мегардам”-мегӯяд ҳаҷвнигори шинохта.
Дар охири навор Бахтиёр Раҳимов аз соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик Исмоили Муҳаммадзоир, Раҳими Ғармӣ ва Маҳмудҷон Муродов муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки агар имкон дошта бошанд, дар ҳалли мушкили манзил ба ӯ ёрӣ расонанд.
Пас аз чанд соати нашри ин навор худи Ғарибшоҳ баромад карда, хабар дод, ки яке аз фарзандони бо нангу номуси Ватан-Раҳими Ғармӣ мушкили 30-солаи ӯро ҳал карда, барои харидани хона 60 ҳазор доллар додааст. Ҳуҷҷатгузории манзил ба қавли худи Бахтиёр Раҳимов чанд рӯз тул мекашад ва ин ҳаҷвнигори маъруф ваъда дод, ки навори видеоиро аз маросими супурдани калиди хона манзури мухлисонаш месозад.