Ману Назар ва Салим дар як рӯз, як сол ва як деҳа ба дунё омада, бо ҳам аз кӯдакӣ ҷӯра будем. Дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардем ва ба ҳамдигар он қадар меҳр доштем, ки ҳатто бародарони ҳамхун надоранд.
Аз бозию даводав хаста шуда, хӯроки нисфирӯзиро дар хонаи мо хӯрем, шомро дар хонаи Назар, шабҳои тобистонҳо дар зери ҳавозаи баланди ангури амаки Сафар, падари Салим мехобидем. Бибии Салим момаи Соро дар бораи дӯстию рафоқат афсонаҳои ширин гуфта, таъкид мекард, ки онҳо аз хурдӣ мисли шумо ҷӯра буданд. Худро ҳамсанги қаҳрамони афсонаҳо дида, қабат-қабат гӯшт мегирифтем.
Оташи ҷанг
Ҳар афсонаи ширинро оғозу анҷоме будааст, бачагии мо низ чун тахаюлоти бою рангини момаи афсонагӯямон ноаён гузашту мактабро хатм намудем. Он солҳо хизмати аксарӣ барои ҳар як мард шараф ҳисоб мешуд, аз ин рӯ мо, се ҷӯра ихтиёрӣ ба хизмати модар-Ватан рафтем. Орзуҳои зиёде доштем дар дилҳомон, мехостем баъди адои хизмат ба мактабҳои олӣ дохил шуда, соҳиби касбу ҳунар шавем, бо духтарҳои дӯстдоштаамон оила барпо намоем, аммо аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ орзуву омоли ширини моро ба хок яксон кард. Ҷавонмардони зиёд қурбони оташи ҷигарсӯзи ин ҷанги бемаънӣ гаштанд. Рӯзе набуд, ки хабари марги одамони бегуноҳ паҳн нашавад. Дар кӯчаҳо акнун ба ҷойи об ҷӯйи хун ҷорӣ буд. Хуни одамизод. Дигар аз тарси ҷон мо ҳатто ҷуръат намекардем, ки ба кӯча бароем. Духтарҳои дӯстдоштаамон бо аҳли оилаҳояшон гуреза шуда, ба Афғонистон рафтанд, нисфи авлоди ҳар кадоми мо низ гуреза шуда, хонаву дари ободашонро партофта ба ким-куҷоҳо фирор намуданд. Аз як тараф хавфи марг, аз ҷониби дигар гуруснагию қаҳтӣ ҳоли мардумро табоҳ гардонида буд, вале дар ҳамон рӯзҳои сахт низ мо, ҷӯраҳо як пора нонро бе якдигар намехӯрдем.
Фирор ба Русия
Қумандонҳои саҳроӣ мо барин ҷавонони обутобёфтаро зӯран ба гурӯҳҳои худ ҳамроҳ карда, ба ҷанги бародаркушӣ сафарбар менамуданд. Ману Салиму Назар намехостем ба ин ҷанги бемаънӣ ҳамроҳ шуда, дастонамонро ба хуни одамӣ олуда созем, аз ҳамин хотир маслиҳат кардем, ки бояд ягон илоҷ карда ба Русия равем. Салим ба Сергей ном рафиқи ҳамхизматаш, ки дар Маскав фирмаи сохтмонӣ дошт, занг зада, кӯмак пурсид. Сергей ба ӯ ваъда дод, ки масъалаи будубош ва кори моро дар Маскав ба зиммаи худ мегирад. Амаки Салим, ки ҳамроҳи сарҳадбонон кор мекард, давутозҳои зиёде карда, билохира моро бо як чархболи ҳарбӣ ба Русия фиристод.
Бойбачаҳо
Сергей хотири Салим ба мо ҷойи хоб дода, ҳамаамонро бо кор таъмин намуд. Мо аввалин мардикорон аз деҳаамон будем ва тавонистем бо ёрии Сергей ба зудӣ қоматамонро рост намоем. Салиму Сергей ҷӯраҳои ҷонӣ буданд, аз ҳамин хотир ӯ ба мо эътимоди зиёд дошт. Ҳар яки моро бригадир таъйин кард. Мардикорони аз дигар кишварҳо омада дар таги дасти мо кор мекарданд. Даромади калон ба даст оварда, бойбачаҳо барин зиндагӣ мекардем. Ба мо танҳо як чиз намерасид-дидори падару модар ва пайвандонамон, дигар аз ягон нӯшу неъмати дунё камбудӣ надоштем. «Бачаҳо, чӣ коре, ки мехоҳед, кунед, танҳо бевабозию зинокориатонро набинам! Худованд ба ману шумоён дар ин мулки ғурбат чунин зиндагии серу пурро насиб гардонидааст, коре накунед, ки ба ғазаби Худованд гирифтор шавем»,- мудом ману Назарро насиҳаткунон таъкид менамуд Салим, ки бисёр ҷавони покдилу покният ва боимону худотарс буд.
Қасами мардона
Оҳиста-оҳиста ватан каме тинҷ шуду мо бо пасандози хуб ба Тоҷикистон баргашта, ҳарсеямон якҷоя тӯй барпо кардем. Тӯйи мо пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки даҳҳо ҳамдеҳагонамонро ба комаш кашида буд, аввалин хурсандӣ дар деҳа буд. Дар майдони калони пахтазор мизу курсӣ монда, ба аҳли деҳа ош додем. Мо, се арӯсу се домод дар сари тахт менишастем. Ҳамон шаб пеш аз анҷоми тӯй Салим қолабро шикаста, микрофонро ба даст гирифта гуфт: «Ман ғайри додари ягонаам боз ду бародари дигар доштам, имшаб дар қатори ду хоҳарам Худованд ба ман ду хоҳари дигар ато намуд. Бародарони маро хуб нигоҳбонӣ кунед, хоҳарони азиз!» Салим ҳамсарони моро хоҳар хонду мо зани ӯро ба хоҳарӣ қабул кардем. Акнун мо оилавӣ бо ҳам дӯст будем, занҳоямон бо ҳамдигар мисли апаю хоҳар меҳрубон буданд, худамон низ ҳамсарони якдигариро мисли хоҳарони худамон дониста эҳтиром менамудем.
Зебосанам
Зани Салим-Нагрис зеботарин духтари деҳаамон ба шумор мерафт. Падару бародари Наргисро кушта буданду ду бародараш дар Қазоқистон умр ба сар мебурданд. Ҷанг ба охир расида бошад ҳам, онҳо метарсиданд, ки ба Ватан баргарданд, Салими баномус хушдоману ду хоҳаршӯяшро мисли аҳли оилаи худашон нигоҳубин карда, аз ҳама ҷиҳат таъмин менамуд.
Солҳо турнасон гузаштанд, ҳар кадоми мо соҳиби фарзанд гаштем. Барои таъмини маишати зиндагӣ шаш моҳ дар Русия кор карда, шаш моҳи дигар дар Ватан бо зану фарзандонамон роҳат мекардем. Дӯстиамон ҳамоно мустаҳкам буд, Зани ман дегро рӯйи оташдон гузорад, дарҳол Салиму Назарро ба хона даъват мекардам, онҳо ҳам ошу нонашонро бе ману ҳамсару фарзандонам намехӯрданд, аммо…
Фалокат
Беҳуда намегӯянд, ки фалокат аз таги по мехезад, додари Салим-Раҳим, ки бо кӯмаки бародараш дар яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Маскав мехонд, бо ҷурми фурӯши маводи мухаддир ба даст афтод. Аз ҳуҷраи хобгоҳи ӯ ду килло героин ёфтанд. Ҳама даводавҳои Салим барои озод намудани додараш беҳуда рафтанд, суд Раҳимро ба муҳлати 15- сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба зиндон афтидани писарашро шунида, модари Салим аз ғам қариб девона шуд. Кампир ҳар рӯз бо Салим ҷангу ҷанҷол мекард, ки чаро писарамро ба Маскав бурда ба бало андохтӣ. Бечора рафиқам аз ин кирдори бародараш хабар надошт, вай мехост орзуҳои нашикастаи худро дар симои Раҳим амалӣ созад, зеро бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ худаш ба ягон донишгоҳ дохил шуда натавониста, умре ба қавле аламӣ монда буд. Салим тамоми ёфту тофташро сарф карда, бародарашро ба яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Русия дохил намуд, то хонда одам шавад, аммо Раҳим бо бачаҳои нобоб ҳамроҳ шуда, аз кӯчаи одамгарӣ баромад ва билохира ба кунҷи зиндон афтид. Тақрибан як сол пас модараш аз ғами Раҳим ба сактаи дил гирифтор шуда, ин дунёи фониро падруд гуфт. Салим дар марги модар худро гунаҳкор дониста, дарун ба дарун мисли ҳезуми тар месӯхту месӯхт. Оқибат вай аз ғаму алам ба шароб рӯ овард. Марде, ки ба қавле дар болои пул роҳ мегашт, дар як муддати кӯтоҳ ба майзада табдил ёфт.
Кӯрнамак
Ман шабу рӯз дар паҳлуи Салим будам, кӯшиш мекардам, ки бо панду насиҳат дили ӯро дубора ба зиндагӣ гарм намоям, вале муяссар намегашт. Аввалҳо Назар ҳам кӯшиш мекард, ки Салимро аз роҳи бад баргардонад, вале баъд аз афташ аз насиҳатхонӣ хаста шуд, ки аз баҳри дӯсташ баромад ва оҳиста-оҳиста муносибаташро аз мо канд.
Зан, ки пулдор шуд…
Назар дар деҳа фермаи чорводориеро харидорӣ намуда, дигар ба Русия нарафт, ман бошам ба хотири каме ҳам бошад, фаромӯш кардани ғаму ғуссааш Салимро ҳамроҳам ба Маскав бурдам. Гоҳ кор мекарду гоҳи дигар не, аммо ман Салимро бо ҳама камбудиҳояш дӯст медоштам. Дилам ба ҳоли ҷӯраам месӯхт, чунки занаш зани хуб набаромад. Ҳангоми дар деҳа буданамон Наргис борҳо Салимро майзада гуфта аз хона ронда буд. Вай бо дастгирии бародаронаш, ки акнун пайдо шуда буданд, дукони дузандагӣ кушода пулдор шуда буд ва дигар назараш замину осмонро намегирифт. Меҳнатҳои шавҳарашро, ки дар солҳои душвори баъди ҷанг барои ӯ ва хоҳаронашу модари танҳояш карда буд, ба ёд намеовард.
Ғарибмурда
Як шаби барфбоди зимистон ман то дер ба кашонидани маводҳои сохтмонӣ машғул будам. Салим, ки дар хонаи иҷораамон бемор мехобид, ба кӯча барои оби ҷав баромада, зери чархи мошин мондааст. Ҷасади сарду ба хуну хок олудаи ҷӯраамро бо сад азоб, бо кӯмаки сафорати Тоҷикистон дар Руссия ба ватан овардам. Худоё, чӣ рӯзи маҳшаре буд, он рӯзи шум. Ба ҷуз аз ду хоҳараки ҷигарсӯхтааш дигар касе набуд, ки дар сӯги Салими ҷавонмарг нола кунад. Дар чашмони ҳамсари хунсардаш ҳатто як қатра ашк набуд. Наргис аз марги шавҳараш хурсанд буд ва шукр мегуфт, ки аз як майзада халос шуд. Баъди марги Салим дили ман аз дунё хунук шуд, бахусус аз ҷинси зан, аз ҳамин хотир дигар қадамамро ба хонаи Наргис нагузоштам. Тасодуфан бачаҳои Салимро дар кӯча бинам, ба дасташон пул дода, сарашонро сила мекардам, вале бо Наргис гап намезадам. Аз забони кӯдакони Наргис шунидам, ки амаки Назарашон ба хонаашон ҳамеша орду равған, гӯшту шакар ва қанду қандалот меовардааст.
Овозаю овоза…
Ба мардикорӣ рафтанро бас карда, ҳамроҳи бародаронам хоҷагии деҳқонӣ ташкил кардам. Акнун ризқу рӯзиамро аз замин меёфтам. Назар акнун яке аз мардони сарватмандтарини деҳа ба шумор мерафт. Мошини хориҷӣ, хонаҳои бошукуҳ ва давлату сарвати зиёде дошт. Зани Салим Наргис ҳамеша дар пеши мошини қимматбаҳои Назар нишаста, ба ин тарафу он тараф мерафт, аз ҳамин сабаб дар байни мардум дар бораи онҳо ҳар гуна миш-мишҳо пайдо шуданд. Боре дар ин бора ба Назар гуфтам, асабӣ шуда гуфт: «Фирӯз, ҷӯраҷон наход ту ба ҳамин ғайбатҳои занона бовар кунӣ?! Ёд дорӣ, рӯзи тӯямон мо арӯсҳои якдигарро хоҳар хонда будем. Наход ман зани дигар наёфта, бо ҳамсари ҷӯраи раҳматиам Салим, ки хоҳархондам аст, гардам?! Ин гапҳо ҳамааш дурӯғи маҳзанд…. » Намедонам аз чӣ бошад, ки тарошаи аз бом афтода барин дар фароварди суханаш вай туфлиҳои нави яллаққосиашро ба ман намоишкорона нишон дода гуфт: «Туфлиҳоямро дидӣ, чарми холис аст! Як кас аз Ҳиндустон оварда будааст, як гов дода гирифтам…”
Аз суханҳои по дар ҳавояш фаҳмидам, ки Назар дурӯғ мегӯяд ва зери коса нимкосае ҳаст, қарор додам, ки ӯро мепоям…
Сояи ошно
Ду шаб дар болои чанори рӯйи суфаи хонаи Салим интизор нишастам, касе наомад, шаби сеюм худро барои бадгумониям мазаммат карда, нав фаромада рафтанӣ будам, ки Наргис бо хилъати шабпӯшӣ аз хона баромаду даричаашро кушода монда, худаш ба ошхона даромад. Лаҳзае пас сояи сиёҳе аз дарича даромада, зуд ба меҳмонхона гузашт. Дар равшании моҳ ман дарҳол он сояро шинохтам. Назари палид буд. Саропои вуҷудамро ларзаи шадиде фаро гирифт, қариб аз болои чанор афтида будам. Бо азобе поин фаромадам. Хостам ба меҳмонхона даромада, адаби он ду фосиқро диҳам, вале инро ба худ ор дониста, туфлиҳои нави Назари хабисро аз паҳлӯи шиппакҳои хонапӯшии Наргис гирифтам ва аз болои девор ба хонааш ҳаво додам. Дилам бо ин ҳам холӣ нашуд, базӯр се рӯз тоқат карда, рӯзи чорум ба фермаи Назар рафтам. Ӯ маро хушнудона пешвоз гирифт. Ба туфлиҳояш бо заҳрханда нигариста гуфтам:
-Мегӯянд, ки агар мард бо хоҳараш ҳамхоба шавад, кафшҳояш аз шарми номардию худонотарсии ӯ парвоз мекунанд, ҳамин рост бошад?!
Назар девонавор аз гиребонам дошта фарёд зад:
-Маро мепоӣ?! Кори ту чӣ, ки ман бо кӣ ҳамхоба мешавам?!
Дастони ӯро бо нафрат аз гиребонам дур карда, ду мушти обдор ба рӯяш фаровардаму гуфтам:
-Дигар ман ба ту кор надорам, бо духтарат ҳамхоба мешавӣ ё бо модарат, кори худат, разили даюси касофат!!!
Аз ин воқеа чанд сол сипарӣ гашт, Назарро мардум то ҳол «любовник»-и Наргис медонад, ман низ ба ин одат кардаам, вале ба хотири он ки мардон оини ҷавонмардиро фаромӯш накунанд, ин қиссаро ба шумо нақл намудам…
Фирӯз
Таснифи Дилошӯб