Formula 2025 may
Путин муҳлати қонунигардонии фаъолияти муҳоҷиронро дароз кард
348

Президенти Русия Владимир Путин муҳлати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва қонунӣ гардонидани фаъолияти шаҳрвандони хориҷиро дар Федератсияи Русия дароз кард.

Қаблан президенти Русия фармонеро ба имзо расонида буд, ки тибқи он тамоми шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба таври ғайрирасмӣ дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунанд, бояд то санаи 30-юми апрели соли 2025 фаъолияти худро қонунӣ гардонида, ҳуҷҷатҳояшонро ба тартиб медароварданд. Бо сабаби зиёд будани шумораи шаҳрвадони хориҷӣ, ки бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд, тибқи дархости баъзе кишварҳои Осиёи Миёна президенти Русия муҳлати мазкурро то санаи 10-уми сентябри соли 2025 дароз кардааст. Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки то санаи 10-уми сентябри соли равон ҳуҷҷатҳои худро ба расмият намедароранд, аз қаламрави ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки танҳо аз Тоҷикистон зиёда аз 685 ҳазор нафар ҳамчун вайронкунандагони қонунҳои муҳоҷиратӣ ба Рӯйхати шахсони назоратшаванда дохил карда шудаанд. Ин нафарон бояд то 10-уми сентябр ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, фаъолияташонро дар Русия қонунӣ гардонанд ё қаламрави ин кишварро тарк намоянд, дар акси ҳол депортатсия карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД