Зани баномус
-Мумкин аст, падар,-гуён аз дар даромадани ду ҷавонмарди хушқавораи паҳлавонҷусса ва зани калонсоли тақрибан ҳамсоли худаш риштаи хаёли бобои Хушбахтро барканд.
Мӯйсафед базӯр сарашро ҷониби дар гардонда, аранге овоз баровард:
-Дароед, бачам?!
Меҳмонҳои нохонда бо дастовезҳои зиёде ба аёдаташ омада буданд ва халтаҳои пурборашонро дар як кунҷаки хона гузошта, дар канори бистари бемор сари ду зону нишастанд. Чеҳраашон ба назар бисёр гарму ширин менамуд, вале бобои Хушбахт ҳарчанд кӯшиш кард, онҳоро шинохта натавонист ва узрхоҳона гуфт:
-Чашмонам тамоман хира шудаанд, бачам, дигар одамонро намешиносам. Мебахшед, шумо кистед?
-Чашмони шумо барвақт хира шуда буданд, падар,-нимғурма гуфт яке аз ҷавонон, ки нисбатан ҷавонтар менамуд, вале ҳамроҳаш, ки шояд бародари калониаш буд, ишорат крад, ки хомӯш бошад ва худаш ба гап даромада гуфт:
-Падарҷон, мо бегоне не, ҷону ҷигаратон, бачаҳои худатон ҳастем ва омадем, ки шуморо ба хона барем!
Бо шунидани ин суханон оби чашмони мӯйсафед беихтиёр ба бари рӯяш шориданд ва канда-кана пурсид:
-Ту Ҳасанӣ ё Ҳусейн, бачам?
-Ман Ҳасан ҳастам дадаҷон, ин додари хурдиам Ормон, ки баъди аз баҳри мо гузаштани шумо ба дунё омада, то ба имрӯз рӯйи падарро надида буд.
-Садқаи қадамакотон шавам, бачаҳаком. Падари гумроҳатонро бубахшед. Дар вақташ шуморо партофта, ба ғазаби Худо гирифтор шудам. Оҳи дили падару модари пирам ва дуои шумою модаратон маро гирифта, як умр лаззати ҳаётро надидам ва дар дами пирӣ дар кӯча мондам,-мегуфт мӯйсафед вамисли кӯдак зор-зор гиря мекард.
-Падарҷон, ростӣ гап мо аз шумо сахт дилмонда шуда будем, ки дар вақташ моро партофта рафтед ва дигар суроғамон накардед, вале модарам “ҳарчи ҳам набошад, падар, падар аст, фарзандонам, агар ризои маро мехоста бошед, падаратонро соҳибӣ кунед” гӯён, ба ҷону ҳоламон намонда, моро ба ин ҷо оварданд. Аз мо не, аз модарам миннатдор шавед, дадаҷон” ба зани ҳамроҳашон омада, ки сари хамашро боло намекард, ишорат кард Ҳасан.
-Зайнаб? Ту Зайнабӣ? Бахти аввалам, ҳамсари чашм кушода дидаам. Зайнабҷон, маро бубахшт, ки ба қадрат нарасида, ҳаёти туро талх кардам,-мӯйсафед гунаҳкорона ба ҳамсараш, ки гузашти умр осори худро дар чеҳрааш бо хатҳои чуқури ожанг гузошта буд, нигарист.
-Дар дунё ягон бандаи бегуноҳ нест. Ман кистам, ки шуморо бубахшам, гуноҳатонро Худо бахшад, мӯйсафед,- зери лаб пичиррос зад кампири Зайнаб.
Ҳамин тавр, бахти аввалаш Зайнаб ҳамроҳи фарзандонаш пас аз солиёни зиёди дурию ҷудоӣ боз ба ҷустуҷӯйи Хушбахт омад ва мӯйсафедро аз он хонаи бадбӯй ба деҳа ба хонаи худашон бурданд. Бобои Хушбахт танҳо як моҳ бо зану фарзандонаш буд ва аз дидори набераю абераҳояш хумор шикаста, оқибат дунёи фониро тарк гуфт. Зайнаб, ҳамон Зайнабе, ки дар вақташ Хушбахт ӯро чиркинак ва кишлоқӣ меномид, мурдаашро дар кӯча намонда, ҳамроҳи фарзандони бо нангу номусаш мӯйсафедро бо обрӯ гӯру чӯб кард.
Ф. Сатторӣ