Sebiston new 2024 october
Пушаймонии марди занҷаллоб Қисми 4
1455

Малика аввал ба гапҳои Марям бовар накард ва бо овози баланд хандида гуфт:

-Шумо чиҳо мегӯед, апаҷон?! Ман зани дуюм нестам. Ману шавҳарам ҳанӯз замони донишҷӯӣ ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шудем...

-Намедонам, ки шумо кай ҳамдигарро дидед ва дӯст доштед, вале аниқ медонам, ки ин мардак Хушбахт ном дошта, зан ва панҷ фарзанд дорад, чунки дар пеши назари мо калон шудааст. Падару модараш бо падару модари ман ҳамсоя ҳастанд,-гуфт Марям бо дилпурӣ.

-Шавҳари ман падару модар надорад. Вай        ятим аст, волидони ман ба хотири сағерагиаш аз ҳисоби худашон тӯй карда, маро ба ӯ ба занӣ дода буданд,-қисса кард Малика.

-Кӣ гуфт, ки ятим аст? Падару модараш то ҳол зиндаву барҳаётанд, бар замми ин, нуҳ апа дорад. Писари яккаву ягонаамон аст гуфта, волидонаш дар 18-солагиаш Хушбахтро зан дода буданд. Ҳамсараш пай дар пай 5 фарзанд таваллуд кард ва боз ҳомиладор аст. Адресашонро медиҳам, бовар накунӣ, рафта бо чашми худат бубин,-дилпурона гуфт Марям.

Бо шунидани суханони ин зан хун ба сари Малика зад ва то охири рӯзи корӣ низ сабр накарда, рост ба хона омаду ба шавҳараш занг зад. Хушбахт аввал гуфтаҳои Марямро инкор кард, вале чун дид, ки азми ҳамсараш қатъист ва мехоҳад ба деҳа рафта, ҳама чизро бо чашми худаш бинаду бисанҷад, чораи дигар наёфта, иқрор шуд, ки дар ҳақиқат падару модар ва зану фарзанд дорад.

Он рӯз дар хонаи онҳо қиёмат гӯё қоим шуда буд. Малика девонавор дод мегуфт ва аз даҳонаш чизе, ки барояд, мегуфту чойнику пиёла ва ҳар чизи дигари аз пешаш баромадаро ба сари шавҳараш ҳаво дода, Хушбахтро барои фиребгариаш дашномҳои қабеҳ медод, вале мард дар пеши пояш афтидаю пойҳои ӯро оғӯш карда, қасам болои қасам мехӯрд, ки танҳо Маликаро дӯст медорад, Зайнаби қишлоқиро бошад, падару модараш маҷбурӣ ба ӯ ба занӣ дода, ҳаёташро сӯзонданд. “Занакҷон, Зайнаб як зани чалфаси деҳотӣ аст, вай ҳатто ба нохуни пойи ту намеарзад” пойҳои занашро маҳкам оғӯш карда мегуфт Хушбахт ва зорӣ мекард, ки гардани шайтонро шиканад, вале Малика ҳеҷ аз аспи ғазаб поён намешуд.

Ниҳоят вай бо ғазаб Хушбахтро аз худ дур карда, дар назди шавҳари маккораш шарт монд: “Ман зани дуюм будан намехоҳам, мардак! Ба ту се рӯз муҳлат, аз ду якеро интихоб кун мардак, ман ё зани деҳотиат бо панҷ фарзандаш!”

Талоқ ва оқи падар

Хушбахт хуб медонист, ки Малика шӯхӣ намекунад. Тамоми давлату сарвати вай аз пушти падари мансабдор ва бародарони сарватманди ҳамсари шаҳриаш буд ва намехост зани зебояшро сар дода, кафангадо шуда монад. Вай ба хулосае омад, ки беҳтараш Зайнабро талоқ карда, аз ҷангу ҷанҷол халос мешавад.

Бо ҳамин ният вай рӯзи дигар роҳи деҳаро пеш гирифт ва шаб дар сари дастурхон назди падару модараш иқрор шуд, ки дар шаҳр зани дигар дорад.

-Занам гул барин зебо аст, бар замми ин, мо аллакай ду фарзанд дорем. Касе хабар бурдааст, ки ман дар қишлоқ зану фарзанд дорам. Зани шаҳриам қиёматро қоим карда истодааст, ки талоқи маро медиҳӣ ё аз баҳри зани деҳотиат мегузарӣ. Ман Маликаро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва бе вай зиндагӣ карда наметавонам. Талоқи Зайнабро медиҳам,-сарашро аз замин набардошта, гуфт Хушбахт.

Бо шунидани ин гап хун ба сари падараш зад. Бароти бурут бо ғазаб ба писари эркааш нигариста гуфт:

-Зайнаб барои мо келин не, мисли фарзанд аст. Ту дар як моҳ як ё ду бор омада, мисли меҳмон як шаб меистию меравӣ, вале ин духтар солҳост, ки хизмати моро мекунад. Мо келини аз дар берун мекардагӣ надорем. Дониста мон бача, агар Зайнабро талоқ диҳӣ, костюматро сари китфат гирифта, баромада меравӣ. Ин хона ба келину набераҳоям мемонад...

Хушбахт, ки то он лаҳза боре ҳам аз падару модараш ягон гапи сахт   нашунида буд, ба ғазаб омад ва ”хонаатон ба худатон насиб кунад. Зайнабро се талоқ кардам! Метавонед бо келини дӯстдоштаатон зиндагӣ кардан гиред” гӯён, ҷавоби занашро, ки 5 фарзанд дошт ва тифли шашумашро интизор буд, бо шиками дамида талоқ дода, дар ҳамон нимаи шаб роҳи шаҳрро пеш гирифт...

-Барои як зани олуфтаи шаҳрӣ шуда, ту аз баҳри падару модар ва зану фарзандонат мегузарӣ?! Оқат кардам. Оқат кардам. Дигар Хушбахт гуфтагӣ писар надорам!-фиғон кашид аз паси вай падараш, вале Хушбахти мағруру худпараст ба пасаш ҳатто нимнигоҳе ҳам накард...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД