Бобои Хушбахт нолиши талхе карда, базӯр паҳлӯ гашт. Мӯйсафед дар бадали чанд моҳи беморӣ гӯшти баданашро партофта, бениҳоят лоғар, ба қавле пӯст болои устухон гашта буд.
Бемор болои як қабат кӯрпача мехобид ва тани лоғараш гӯё ба бистар часпида бошад, паҳлӯ гаштан барояш душворӣ мекард. Рӯйҷои рангпаридаи бистари хобаш аз чирк қарқ баста, аз он бӯйи ғализи арақи бадан ба машом мерасид. Пирамард ҳафт зану ҳабдаҳ фарзанд дошта бошад ҳам, аз аҳли оила ва азизонаш касе дар канораш набуд, ки дар лаҳзаҳои вопасини умраш ба ҳалқаш як қатра об чаконад. “Айби худам, ҳамааш айби худам. Ба васвасаи пулу моли дунёӣ афтида, аз кӯчаи одамгарӣ баромадам. Ба қадри падару модар, хоҳару бародар, хешу табор, зану фарзанд ва хонаву дари обод нарасидам. Хаёл кардам, ки дунё ҳамеша бо майли дили ман чарх мезанад ва як умр кайфу сафо карда мегардам, вале беҳуда дар урфият “гаҳе рӯйи зину гаҳе зин ба пушт”нагуфта будаанд, давлату сарватам, ки аз даст рафт, ёру ошно, ҷӯраву маъшуқаҳои бешуморам маро тарк карданд. Метарсам, ки дар ҳамин вайрона дар танҳоӣ мемирам ва ҷасадам бӯй гирифта, касе даракамро намеёбад...”-аз дил гузаронд муйсафед ва оби чашмонаш беихтиёр ба рӯйи рухсораҳои заҳираш шориданд...
Писари деринтизор
Хушбахт баъди нӯҳ духтар ба дунё омада, писари деринтизори оила ва нури чашми волидонаш буд. Кампири Хумор ва мӯйсафедаш Бароти бурут солҳо дар ҳасрати писар сӯхтаву баъди ба чанд мазори зӯр бузу гӯсфанд назру ниёз кардан, бачадор шуда, аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Зану шавҳари синну солашон аллакай ба ҷое расида, ниҳоят ба муроди дили худ расида, соҳиби ворис гашта буданд ва бо садҳо умеду орзуҳои ширин писарашонро Хушбахт ном ниҳоданд, то ки як умр хушбахту саодатманд бошанд, аммо ....
Додар не, гурбаи ваҳшӣ!
Хушбахт аз кӯдакӣ бениҳоят бачаи шӯх буд. Вай дар оила фарзанди хурдӣ бошад ҳам, бо ҳар баҳона бо апаҳояш ҷанг карда, мисли гурбаи ваҳшӣ мӯю рӯяшонро бо панҷаҳояш канда мегирифт. Апаҳояш ин бачаи шӯху бебокро сарзаниш кунанд, модар дасту остин барзада, ба сари духтаронаш мешӯрид. “Шумо ҳамаатон моли мардум ҳастед, пагоҳ-фардо шавҳар карда меравед ва хонаи бегонаҳоро обод мекунед. Мурдаву зиндаи ману мӯйсафедамро ҳамин писаракамон саришта мекунад. Бачаҳаки талбидагиама ҷанг накунед, ки гӯратона бо дасти худам меканам...” мегуфт бо ситеза Хумор ва иҷозат намедод, ки касе пишаки Хушбахтро пишт гӯяд.
Духтарҳо аз тарси он ки модарашон онҳоро ба падарашон шӯрандозӣ мекунад ва аз пушти додари эркаашон боз аз падар гап мешунаванд, лаб зери дандон гирифта, нағмаҳои Хушбахтро тоқат мекарданд.
Авбоши хурдакак
Аз дасти ин бачаи қайсар кӯдакони ҳамсоя ҳам рӯз надоштанд, ҳамин ки ба кӯча баромад, ҳатман ягон кӯдаки бегуноҳро зада гирён мекард ва аз доду фиғони бачаи шаттахӯрда лаззат бурда, бо шавқ механдид. Худаш як хона бозича дошта бошад ҳам, бозичаҳои бачаҳои ҳамсояро бо зӯрӣ аз дасташон кашида мегирифт ва боз забонашро бароварда, он кӯдаки бечораро, ки барои бозичааш худро ба замин партофта, мегирист, мазоқу масхара мекард.
Бачаи эрка-балои ҷон
Рӯзе набуд, ки ягон ҳамсоя аз рӯйи Хушбахт ба падару модараш шикоят накунад, вале Хумору шавҳараш Бароти бурут писари нозпарвардашонро аз ҷонашон бештар дӯст медоштанд ва чӣ коре, ки накунад, ҳамеша ӯро пуштибонӣ мекарданд. Ҳамсояҳои солмандашон чанд маротиба Хуморро насиҳат карданд, ки як бача дошта бошанд ҳам, гоҳ-гоҳ писарашонро насиҳат карда истанд, то аз кӯчаи одамгарӣ набарояд, аммо “шумо як бачаи маро чашми дидан надоред” гӯён, сахт ранҷиданӣ ӯро дида, даст афшонданд.
Ҳамин тавр, ба хотири вайрон нашудани муносибати ҳамсоягиашон аҳли деҳа қилиқҳои нохушоянди Хушбахтро таҳаммул мекарданд ва ҳамеша гузашт кардани атрофиёнаш Хушбахтро торафт мағруру ҳавобаланд ва худпараст гардонида, касеро писанд намекардагӣ шуд.
Давом дорад