Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд, ӯ ба як деҳаи дурдасти кӯҳистон расид. Хонаи Ороста як кулбаи кӯҳнаи гилӣ буд. Малика бо ҳамон мошини гаронбаҳояш дар назди дар истод, аммо ҷуръати ворид шудан надошт.
Вақте Ороста бо як кӯзаи об аз дар баромад, Маликаро шинохт. Кӯза аз дасташ афтод ва реза-реза шуд, мисли орзуҳои Сомон.
- Барои чӣ омадед?,- пурсид Ороста.
Дар чашмони ин духтари ҷавон дигар на тарс буд ва на эҳтиром. Танҳо як хастагии абадӣ.
- Маро бубахш,- Малика ба замин, ба болои резаҳои кӯза афтод.- Сомон рафт. Ӯ худашро кушт. Барои ту.
Ороста лабашро газид, то фарёд назанад. Ӯ ба осмон нигарист ва оҳиста гуфт:
- Ман медонистам. Ман ҳар шаб ӯро хоб медидам. Шумо фикр кардед, ки маро аз ӯ ҷудо кардед? Не, шумо ӯро аз худатон ҷудо кардед. Ман ҳоло ҳам бо рӯҳи ӯ суҳбат мекунам, аммо шумо то охири умр бо сояи ӯ зиндагӣ мекунед.
Малика як бастаи калони пул ва калидҳои он хонаи панҷҳуҷрагиро ба сӯйи Ороста дароз кард:
- Инҳо барои ту. Ин хонаи шумо буд. Биё, ба шаҳр баргард.
Ороста ба пулҳо ҳатто нигоҳ накард. Ӯ бо нафрат гуфт:
- Пулҳои шумо бӯйи хуни Сомонро медиҳанд. Он хона барои ман қаср набуд, онҷо аввалу охири ишқи номуроди мо буд, ки онро шумо куштед. Пулҳоятонро ба касоне диҳед, ки мисли худатон виҷдонашонро мефурӯшанд. Ман дар ин кулбаи гилӣ аз шумо бойтарам, чун ман Сомонро зинда дар ёд дорам, вале шумо ӯро мурда дар гӯр гузоштед.
Малика ба шаҳр баргашт. Ӯ дигар ба он ҳавлии боҳашаммат қадам наниҳод. Ӯ ба он хонаи иҷорае рафт, ки замоне Сомон ва Ороста дар онҷо вохӯрда буданд. Ӯ дар рӯйи фарши холӣ нишаст ва ба деворҳо нигарист. Дар девор ҳанӯз асари ранге монда буд, ки Сомон ҳангоми кумак ба Ороста тасодуфан молида буд.
Ӯ фаҳмид, ки бузургтарин ҷазо барои ӯ на зиндон аст ва на марг. Бузургтарин ҷазо зинда мондан аст. Зинда мондан дар дунёе, ки дигар садои писарашро намешунавад.
Шабҳо, вақте шамол ба тирезаҳои хонаи холӣ мезанад, ба гӯши Малика садои Сомон мерасад:
- Модар, дидӣ? Қонунҳои ту кор надоданд. Муҳаббат қоида надорад.
Малика ҳоло ҳар субҳ кӯчаҳои атрофи он биноро мерӯбад. Собиқ судя, зани мансабдор ҳоло бо як ҷорӯби одӣ хоку хаси роҳро пок мекунад. Одамон мегӯянд, ки ӯ девона шудааст. Аммо ӯ девона нест. Ӯ танҳо мехоҳад он роҳеро пок кунад, ки Сомон бо он қадам мезад. Ӯ мехоҳад хокро пок кунад, то шояд осори қадамҳои писарашро пайдо намояд.
Дар рӯйи мизи кории собиқи ӯ дар додгоҳ ҳоло каси дигар нишастааст. Аммо дар таърихи он шаҳр қиссаи зане боқӣ монд, ки бо дастони худ девори бахти писарашро чаппа кард ва худаш дар зери вайронаҳои он монд.
Пушаймонӣ мисли заҳри суст коркунанда аст. Он одамро намекушад, вале намегузорад, ки нафаси озод кашад. Ҳар боре Малика ба оина менигарад, дар чашмони худ на худ, балки қотилеро мебинад, ки ягона умедашро бо теғи кибр сар буридааст.
Пушаймонӣ яке аз эҳсосоти вазнинтарин ва амиқи инсонӣ аст. Он мисли тирезаест, ки ба гузашта боз мешавад, вале мо наметавонем аз он гузашта, чизеро тағйир диҳем.
Шаҳлои НАҶМИДДИН