Сомон ба ҳуҷрааш даромад ва дарро аз дарун баст. Малика фикр кард, ки писараш мисли ҳамеша бо гузашти вақт ором мешавад. Аммо дар даруни он ҳуҷраи боҳашаммат Сомон дар назди тиреза истода, ба дуриҳо, ба он хонаи хурди иҷорае, ки замоне бӯйи ишқ медод, нигоҳ мекард.
Ӯ як шишачаи хурди сиркои консентратсияаш баландро, ки дар ошхона барои тоза кардани зарфҳои нуқра истифода мешуд, дар даст дошт. Дастонаш намеларзиданд. Ӯ танҳо мехост ин дардро хомӯш кунад. Ӯ бо як нафас онро нӯшид. Заҳр мисли оташи сӯзон гулӯ ва меъдаашро ба коми худ кашид. Сомон ба замин афтод, аммо фарёд назад, то модарашро садо накунад. Ӯ мехост дар хомӯшӣ равад.
Вақте субҳ Малика бо табассум барои бедор кардани писараш омад, манзараи даҳшатнокеро дид. Сомон дар рӯи қолини қиматбаҳо беҳуш мехобид ва аз даҳонаш кафки хунолуд меомад.
Дар беморхона Малика мисли девонаҳо ба ҳар як духтур часпида, дод мезад:
- Ман судяи шаҳр ҳастам. Ман ҳамаро мехарам. Танҳо ӯро зинда нигоҳ доред.
Аммо духтури ҷарроҳ, ки дастонаш аз хун сурх буданд, ниқобашро кашид ва бо нигоҳи пур аз нафрат ба ӯ гуфт:
- Шумо судя ҳастед? Пас бидонед, ки ҳукми Худо аз ҳукми шумо болотар аст. Писари шумо бо мақсади худкуши сирко нӯшидааст. Сирко тамоми узвҳои даруниашро сӯзонида, дигар чизе барои наҷот додан намондааст. Ба ҷойи пул пешниҳод кардан, биравед ва дар дақиқаҳои охир бо ӯ видоъ кунед. Агар ӯ шуморо бахшида тавонад.
Малика ба утоқи эҳё даромад. Сомон бо дастгоҳҳои зиёд пайваст буд. Чашмонашро нимроғ кард ва ба модараш нигарист. Дар он чашмон на нафрат буд ва на ишқ, танҳо як холигии беканор. Ӯ кӯшиш кард чизе бигӯяд, вале танҳо як садои хирросӣ баромад.
- Писарам, маро бубахш, ман хато кардам,- Малика ба зону афтод ва дастони сарди Сомонро бӯсид.
Сомон бо як азоб сарашро ба тарафи дигар гардонд. Ӯ ҳатто дар лаҳзаи марг нахост рӯйи модарашро бубинад. Ин охирин зарбаи ӯ ба кибри модар буд. Дастгоҳ як садои дароз кашид: Биииииип.
Пас аз дафни Сомон Малика дигар ба додгоҳ барнагашт. Ӯ ҳар шаб дар он хонаи панҷҳуҷрагӣ, ки барои келини ояндааш тайёр карда буд, менишинад. Ӯ тамоми чароғҳоро хомӯш мекунад ва дар торикӣ бо худ гап мезанад. Гоҳе ба назараш мерасад, ки Ороста дар кунҷи хона нишастааст ва бо сӯзан кафани Сомонро медӯзад. Малика мехоҳад аз ӯ бахшиш пурсад, аммо забонаш намегардад. Ӯ фаҳмид, ки пушаймонӣ ҷаҳаннамест, ки одам ҳанӯз дар ҳаёт буданаш ба он ворид мешавад.
Ҳар субҳ вай ба сари қабри Сомон меравад ва бо нохунҳояш хоки қабрро меканад, гӯё мехоҳад писарашро аз онҷо берун орад ва бигӯяд:
- Биё, писарам, ман розӣ, бигзор Ороста маликаи ин хона бошад.
Аммо танҳо шамоли сард ва хомӯшии қабристон ҷавоб медиҳанд.
Пас аз чил рӯзи марги Сомон Малика дигар ба он зани мағруру оҳанин монанд набуд. Мӯйҳояш дар як шаб сафед шуда, китфонаш хам гашта буданд. Ӯ фаҳмид, ки танҳо як роҳ барои ором кардани виҷдонаш мондааст: пайдо кардани Ороста.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН