Малика яке аз судяҳои машҳури пойтахт буд. Ӯ на танҳо дар курсии додгоҳ судя буд, балки дар зиндагии шахсиаш низ қонунҳои худро дошт.
Малика бовар дошт, ки зиндагӣ мисли як шоҳмот аст: ҳар кас бояд дар ҷойи худаш истад. Писари ягонааш Сомон шоҳмоти қиматбаҳои ӯ буд, ки бояд танҳо бо маликаи ҳамсатҳи худаш ҷуфт мешуд.
Хонаводаи онҳо дар як қасри сеошёна, ки деворҳояш аз санги мармари кимат буданд, ҳаёт мегузарониданд. Шавҳараш - як бизнесмени калон, ҳамеша дар сафар буд ва тарбияи Сомон пурра дар дасти ин зани оҳанин буд. Малика дар канори ҳавлиашон як бинои хурди дуошёнаи дигар низ дошт, ки онро ба иҷора медод.
Рӯзе ба назди Малика ду духтари ҷавон, ки дар як коргоҳи дӯзандагии мӯд кор мекарданд, омаданд. Яке аз онҳо Ороста ном дошт. Ороста ятим буд ва бо заҳмати худ модари пирашро дар деҳа парасторӣ мекард.
Малика бо як кибру ғурури хос ба онҳо нигариста, гуфт:
- Хонаи ман барои одамони пок аст. На мард меоред, на меҳмон. Агар як хато кунед, бераҳмона берунатон мекунам.
Аммо ӯ намедонист, ки Сомон, ки тоза донишгоҳро хатм карда буд, дар ҳамон нигоҳи аввал дар чашмони Ороста чизеро дид, ки дар духтарони ашрофзода наёфта буд - садоқат ва муҳаббати пок.
Муҳаббати Сомон ва Ороста мисли гуле буд, ки дар байни сангҳо сар мезанад. Сомон ҳар бегоҳ баҳонае меёфт, то ба назди иҷоранишинон равад. Гоҳе китоб мебурд, гоҳе барои таъмири лампаи барқ мерафт. Онҳо соатҳо дар бораи орзуҳояшон суҳбат мекарданд. Ороста барои муштариёнаш либосҳои зебо медӯхт ва Сомон дар симои ин духтари одӣ тамоми дунёи худро меёфт.
Вақте Сомон ҷуръат карда, ба модараш гуфт, ки Оростаро дӯст медорад ва мехоҳад бо ӯ издивоҷ кунад, Малика гӯё оташ гирифт.
- Ту чӣ мегӯӣ?,- фарёд зад ӯ.- Як дӯзандаи бенасабро ба ин хона меорӣ? Мо барои ту духтари вазирро интихоб кардем! Ӯ кист, ки ба авлоди мо ҳамроҳ шавад? Пойи луч ба инҷо омадааст, ҳоло мехоҳад соҳиби қаср шавад.
Малика интизор нашуд. Рӯзи дигар, вақте Сомон дар хона набуд, ӯ ба хонаи иҷора даромад. Тамоми либосҳои дӯхтаи Оростаро ба рӯйи ҳавлии лойолуд партофт.
- Гӯш кун, духтари гадо,- гуфт Малика бо овози баланд аз қаҳр.- Агар як бори дигар номи писарамро ба забон гирӣ, туро ба зиндон меандозам. Калидҳоро бимон ва ҳозир нест шав!
Малика ҳатто ба рӯи Ороста торсакӣ зад. Ороста, ки дилаш мисли шиша нозук буд, чизе нагуфт. Ӯ танҳо сумкаи кӯҳнаашро гирифт ва дар зери борони шадид аз ҳавлӣ баромад.
Шаби сарнавиштсоз фаро расид. Сомон ба хона баргашт, вале чеҳрааш дигар он ҷавони ҳамеша хандонро намемонд. Чашмонаш аз гиря ва хашм сурх шуда, лабонаш меларзиданд. Малика дар толори калони хона, дар курсии чармии худ нишаста, бо нигоҳи сард қаҳва менӯшид.
- Модар, ту чӣ кор кардӣ?,- садои Сомон мисли кафидани шиша дар сукути хона танинандоз шуд. Ту ӯро зада-зада пеш кардӣ? Ту ба кадом ҳақ ба рӯи духтари бепаноҳ даст бардоштӣ?
Малика пиёларо оҳиста ба рӯйи мизи шишагӣ гузошт ва бо овози беэҳсос гуфт:
- Ман наҷотдиҳандаи ту ҳастам, писарам. Ту ҳоло кӯчакӣ, намефаҳмӣ. Он духтар мисли тортанак буд, мехост туро ба доми худ кашад, то соҳиби ин давлату савлат шавад. Ман танҳо ахлотро аз хонаам берун кардам.
- Ахлот?!,- Сомон бо тамоми қувват ба миз мушт зад. Ӯ ягона касе буд, ки маро барои худам дӯст медошт, на барои пули падарам ё мансаби ту. Ту қонундон ҳастӣ, аммо дар додгоҳи дили ту заррае раҳм нест. Ту ӯро на танҳо аз хона, балки аз ҳаёт ноумед кардӣ. Оё медонӣ, ки ӯро ба кӯҳистон бурданд? Медонӣ, ки ӯро ба кӯҳнамарде фурӯхтанд, то танҳо аз шарри ту халос шаванд?
Малика аз ҷой хест, қоматашро рост кард ва ба чашмони писараш нигариста, гуфт:
- Беҳтар аст дар кӯҳистон бо як деҳқон бошад, то ин ки дар ин қаср бо ту. Ту вориси ин хонадонӣ. Номи мо бояд пок бимонад. Ин мавзуъ баста шуд! Дигар номи он дӯзандаро дар ин хона нашунавам.
Сомон як хандаи талхе кард, ки аз ҳазор гиря дардноктар буд.
- Покӣ? Ту хонаро пок кардӣ, модар, вале дили маро холӣ кардӣ. Акнун ин қасри ту бароям зиндон аст. Бигзор номи ту пок бимонад, вале бе ман.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН