formula
Пулҳоямро чӣ гуна баргардонам?
28.01.2024
ОИЛА
608


Ман як зани фиребхӯрдаам. Мехостам кӯдаконамро ба модарам гузошта, ба Англия равам ва пули хона кор карда, баргардам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин эълонҳоро дидам, ки ваъдаи ба Британияи Кабир коркунӣ бурдани тоҷиконро додаанд.

Ба яке аз ин эълонҳо занг зада, ҳуҷҷатҳоямро супоридам. Аз ман барои пешпардохт як миқдор маблағ низ гирифтанд. Аммо, бо гузашти 7 моҳ на ҳуҷҷатҳоямо баргардонданду на маблағро.

Ба ғайри рақами телефонашон дигар чизе дар бораи ширкат намедонам ва рақам ҳам хомӯш карда шудааст. Пулҳоямро чӣ тавр баргардонам?
С. Роҳила
Посух

Ба шумо тавсия дода мешавад, ки ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияи маҳалли зистатон муроҷиат намоед.

Дар он ҷо барои ҳамаҷониба муайян шудани аслияти кор тамоми маълумоти дар даст доштаатонро пешниҳод намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД