arzon replenishment
Пулҳои шавҳарамро ҳамсоя мехӯрад
16.06.2024
ОИЛА.ТҶ
3473

Писарам дар шаҳр хона дорад, вале зану фарзандонаш бо мо зиндагӣ мекунанд. Шавҳарам баъзан калиди хонаи писарамро гирифта ба шаҳр меомад. Дилам ҳамеша дур мерафт, ки ягон бева наёфта бошад...

Рӯзе ҳамакаса дар хонаи писарам меҳмон шудем. Келин ош пухта моро зиёфат дод, баъд ҳамроҳи набераҳо ба боғ рафтанӣ шудем. Шавҳарам «тобам нест, шумо равед, ман дар хона дам мегирам» гӯён, баҳона пеш овард. Ҳис кардам, ки дар зери коса ягон нимкоса ҳаст, аз келин хоҳиш намудам, ки диктофони телефонро ба кор дароварда, онро дар ҷойи ноаёне пинҳон карда монад.

Хулласи калом, телефонро дар таги диван монда баромада рафтем. Шом аз боғ баргашта оҳистаяк онро гирифтаму ба ҳуҷраи дигар гузаштам. Сабтро шунида қариб девона шуда будам. Шавҳари 54- солаи ман аз мӯйи сафедаш шарм надошта, ба ким-кадом беваи танноз чунон хушгӯиҳои бешармона мекард, ки ба такрор карданаш забони кас намегардад. «Тахминаҷон, занам келину небараҳоро гирифта рафт, тезтар ба ошёнаи панҷум баро, хона хилват аст, ҳардуямон чорта кайф кунем»,- мегуфт шавҳарам. «Яке занут омада, қаври ҳардумона зинда ба зинда накана, ҷон»,- қиқирросзанон ҷавоб медод маъшуқааш. «Натарс, онҳо боғ рафтанд, шом меоянд»,- дили беваашро пур мекард мӯйсафеди шайтонсирати беҳаёи ман. «Ма гушнаюм, аввал ягон чиз хӯрум, баъд»,- ноз мекард он хонуми танноз. «Дар дастат пул бошад, поён фаромада мурғу ҳасиб ва меваю шоколад гирифта биё, ман пулашро ду баробар зиёд медиҳам, ҳақи хизмататро ҳам мегирӣ»,- ҳотамӣ кардааст мардаки зихнаи ман, ки барои зану фарзандони худаш дар умраш як кило гӯшт намехарад.

Ин гуфтугӯи ҷонгудозро шунида аламам омад. Ман як умр хизмати ин мардро карда, барояш бачаву духтари бисёре зоидам, вале дар ҳамин қадар сол бароям ҳатто як ҷӯроб нахарид, имрӯз бошад, ба сари ким-кадом беваи кӯчагӣ пул мепошад. Дилам мехост аз гиребонаш гирифта талоқамро талаб кунам, вале боз хотири фарзандону набераҳоям астағфуриллоҳ гуфтам.

Дар айёми пирӣ аз шавҳар ҷудо шудани зани тоҷик айб аст, барои ҳамин ғамамро дар сандуқи дил пинҳон карда, чунон вонамуд месозам, ки гӯё чизеро пай набурдаам. Шавҳари беимонам бошад, ҳамоно бо Таҳмина, ҳамсояи бешавҳари писарамон ишқварзӣ карда мегардад.

О. М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД