Давомаш ... Қисмҳои аввалашро дар ин ҷо хонед.
«Кӣ бошад, ин шилқин?», гирифтори сад фикру хаёл дарро кушод. Паси дар Карим бо мӯйсафеди қоматхамидае меистод.
- Ҳамон ҳамёни ёфтаат аз они ана ин бобоям будааст,-мӯйсафедро нишон дода гуфт Карим.
- Кадом ҳамён? -Орзу худро чунин вонамуд мекард, ки гӯё аз ҳеҷ чиз хабар надорад.
-Ҳамон ҳамёне, ки аз пеши хонаи мо ёфтӣ.
-Ман ҳеҷ гуна ҳамён наёфтаам.
«Яке кобанд?», дар дилаш биму тарс ҷо гирифт. Ва дар панҷаи тарсу таҳлука ларзид.
-Чаро меларзӣ?
-Чаро ки… зеро ки… чӣ буд… ҳа… таб дорам, таб…
-Оҳ Худо,-нолид пирамард ва беҳанг рӯи остонаи дар нишаст.-Ҳоли кампирам чӣ мешавад?
Пирамард ошуфтаву хаста ба насиҳат пардохт. Ӯро ба инсофу адолат даъват кард ва чун дид, ки намешавад, ӯро ба оғӯш кашиду ба пойҳояш бӯса зад ва гуфт:
-Писарам, илтиҷо мекунам.
-Ээ-э… бобо, ту девонаӣ?
Ҳаваси велосипед пеши чашмашро хираву ақлашро тира намуда буд.
-Э бача! Ҳарза нагӯ!
-Рост мегӯям…
-Ку исбот кун,-якбора оташ гирифт. Лол монд, зеро исбот карда наметавонист, вале паст намеомад.
-Ку, қасам хӯр.
-Нон занад… Худо занад.
-Агар дурӯғ гӯӣ, чӣ шавӣ?
-Қурбақа шавам, саг шавам, хук шавам…
Мӯйсафеди бечора оҳи чуқур кашид, дигар умеде намонда буд.
-Хайр, агар виҷдонат бардорад, Худованд пушту паноҳат.
Чеҳраи Орзу дурахшид ва табли шодӣ зад. Ҷисму ҷонашро осудагӣ фаро гирифт. Шаб Орзуро хоб набурд. Дар осмони орзу парвоз дошт. Ҷага уллос мекашид. Фаҳмид, ки падараш ба сари Ҷага чанд бор садо зад. Аммо Ҷага аз уллоскашӣ намонд.
-Ба Ҷага хӯрок дода будӣ?-пурсид падари Орзу аз ҳамсараш.
-Ҳо, устухони мурғ дода будам. Чӣ ин қадар саги бечораро сиёсат мекунӣ? О, вай вазифаашро иҷро карда истодааст. Саг бояд биҷакад…
-Ба ту чӣ шуд, занак? Ҷакиданро аз уллос фарқ намекунӣ?
Аз уллоси саг бӯи нохушӣ меомад. Дили падари Орзуро изтироб пахш мекард. Қалбашро андешае ба дард овард. Наҳсие меояду саг эҳсос мекунад.
-Чӣ вовайло дорӣ? Пеш аз пода чанг наандоз…
Ҳамин ташвиши шадид сарвари оиларо то субҳидам хобидан намонд.
Шаб доман меғундошту дили Орзу беш аз пеш ба таппиш меомад. Офтоб тулуъ мекарду оламро мунаввар намуда, ба ҳама дуруд мегуфт.
Рӯз оғоз мешуд хеле хушбоду ҳаво ва бӯе аз нохушӣ надошт. Ҳамсабақони Орзу ба сӯи мактаб мешитофтанду ӯ ба самти мағоза роҳ мепаймуд, то ҳар чӣ зудтар ба орзуи хеш бирасад. Гӯё болу пар бароварда буду парвоз мекард. Оқибат, дар ҳоле ки қалбаш аз ҳаяҷон бошиддат метапиду аз хушҳолӣ ба куртааш намеғунҷид, ба мағоза расид. Ниҳоят бахташ хандид. Охир муфт соҳиби велосипед шуд.
– Ин велики ман аст, – нидо кард ӯ. – Он чӣ қадар зебост.
Аз чашмони ӯ шарораи шодӣ мерехт. Вай ҳатто фикри ба саволи падару модар «пулро аз куҷо ёфтӣ?» чӣ ҷавоб доданашро намекард.
«О-ҳо-ҳо!», гӯён велосиедро месуронду месуронд. Баъд садои сигналу тормози мошинро шунид. Дигар чӣ шуд, ёд надорад. Дар беморхона ба ҳуш омад. Ду пояш аз зону поён набуд.
Набера дар чашмони бобо ашкро дид. Сипас нигоҳаш ҷониби пойҳои буридаи бобо кӯчид. Возеҳ буд, ки ҳамон писарак бобояш аст. Гӯё ногаҳон зарбаи сахте хӯрда бошад, якбора сараш чарх зад. Чизе дар замираш такон хӯрд. Баданашро арақи сард пахш намуд. Дунёяш дарҳаму барҳам шуда, дилаш шӯрид…
Қай кард. Яхмоси хӯрдааш чун заҳр аз даҳону бинияш баромад...