Arzon march 2024
ПУЛИ КАЛОНРО КӢ БА ЯҒМО БУРД?
1355


Дар Суғд яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ҳадафи ғоратгарон қарор гирифтааст. Ҳодиса дар кӯчаи Фатҳулло Абдуллоеви ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯй дода, ғоратгарон аз “ГАЗОЙЛ” маблағи калонро ба яғмо бурдаанд.

“Омаданд, заданд, бурданд”-навиштааст дар баёноти худ Абдусамад Ҷӯраев, муҳосиби ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ.
Аз гуфтаҳои ин корманди “ГАЗОЙЛ” чунин бармеяд, ки тахминан соатҳои 04-45-и шоми 20-уми октябр се нафар ғоратгарон вориди ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ гаштаанд ва муҳосибро бараҳмона лату кӯб намуда, маблағи 1800 сомониро ба яғмо бурдаанд.

Ғоратгарон мехост бо пули муфт ба даст овардаашон кайфу сафо карда гарданд, аммо кормандони шӯъбаи кофтукоби ҷиноӣ дар Вилояти Суғд риштаи ин ҷиноятро ба дасти хеш гирифта, баъди чанд муддат ин гурӯҳи сенафараро дастгир намуданд.

Дар ҷараёни тафтишот маълум гашт, ки ғоратгарон “таҷрибаи бой” дошта, қаблан низ барои дуздӣ суд шудаанд. Гумонбар Маъруфов Ахмад Маъруфовичи 24-сола, ки сокини ноҳияи Синои пойтахт, аввали соли равон барои дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст, ҳаммаслаконаш Саидов Мустақим ва Мирзев Самандар низ қаблан дар Русия бари ғоратгарӣ суд шуда буданд, аммо афтодан ба кунҷи зиндон ҳам барояшон панд нагашт. Ин се ҷавони бо пули муфт одат карда бо мақсади нопок ба Вилояти Суғд рафта, мехостанд бо роҳи зӯрию ғоратгарӣ моли мардумро ба даст оварда, бароҳат зиндагӣ кунанд, аммо тирашон хок хӯрда, ба чанг афтиданд.

Акнун дуздони муштзӯр барои ин амали нангини худ дар назди қонун ҷавоб гуфта, чанд соли умрашонро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ менамоянд.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД