formula
ПУЛИ ҲАРОМ КАСРО БА МАҚСАД НАМЕРАСОНАД
24.11.2020
ОИЛА
13218

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бидуни зикри ному насаб як зани 41-солаи сокини кӯчаи Н. Қарабоеви пойтахтро бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт кардааст

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, бар авази маблағи муайян барои ҳамхоба шудани ҷавонон шароити фароҳамро муҳайё сохтааст.

Бинобар иттилои манбаъ, номбурда, 23-юми ноябри соли 2020, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 21 сола ва ҷавонзани 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, номбурда ҳамон рӯз дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 23-сола ва ҷавонзани 20-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”,-муфассалтар шарҳ медиҳад манбаъ.


Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД