Пули Миллау (Millau Viaduct) дар Фаронса ҷойгир буда, яке аз аҷибтарин ва бузургтарин кӯпрукҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ин муъҷиза дар маркази Фаронса, дар минтақаи Миллау, дар водии дарёи Тарн ҷойгир аст.
Millau Viaduct дар яке аз қисмҳои асосии шоҳроҳи A75 ҷойгир шудааст, ки аз байни шаҳри Миллау ва Севенни (Severnes) мегузарад.
Хусусиятҳои асосии Кӯпруки Миллау:
1. Баландӣ
Millau Viaduct яке аз баландтарин кӯпрукҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ин пул дар баландии 343 метр (1,125 фут) ҷойгир шуда, аз манораи Эйфел (330 метр) баландтар мебошад.
2. Дарозӣ
Кӯпруки Millau Viaduct 2,460 метр дарозӣ дорад.
3. Тарҳ
Тарҳҳои аҷоиб ва мураккаби муҳандисии ин кӯпрук аз маводҳои мустаҳкам сохта шудаанд.
Тарҳи ин пулро муҳандиси машҳур Мишел Вибер кашида, сохтмони онро ширкати Eiffel ба анҷом расонидааст.
Ин пули бузург ба ҳалли проблемаҳои трафик дар минтақаи Миллау кумак мекунад. Ин пул ҳамчунин бо мақсади рушди туризм сохта шуда, имкон медиҳад, ки сайёҳон ба тамошои манзараҳои аҷиб бароянд.
Судоба АКОБИРЗОДА