Formula novemver 2024
Пул ва зиндагӣ (ҚИСМИ 8)
1866

Мурод ҳайрон шуд, ки бо Пвриваши рашкин чӣ шуда бошад, ки якбора ин қадар орому рӯшандил гаштааст. Бехабар буд, ки ҳамсараш дар ташхиси тиббӣ бемории саратони сар баромада буд.

Париваш ба модараш тамоми варақҳои тиббии ташхисро нишон дода, гуфт:

- Модар, ман умрам хеле кам мондааст, вақтам ба ҳисоб аст. Ман аз ту як илтимос дорам, ки кӯдаконамро гоҳ-гоҳ хабар бигир.

- Духтарам, илми тиб тараққӣ кардагӣ, ман туро ба хориҷа бурда табобат мекунам. Фикрхои безебро аз сарат бигир. Иншоаллоҳ сиҳат мешавӣ.

Мурод ҳам аз ин бемории ҳамсараш дарак ёфту хеле зиқ шуд. Аз пайи табобат шуданд. Бояд ба шаҳри Бонни Олмон сафар мекарданд барои табобат. Пеш аз сафар Париваш ба хонаи Сабо омад. Онҳо нишаста хеле суҳбат карданд. Париваш ӯро мисли хоҳар ба оғӯш кашида, гуфт:

- Медонӣ ман чӣ қадар пушаймон ҳастам, ки нисбати ту фикрҳои даҳшатнок доштам. Аммо дигар дар дилам на бадбинӣ ҳасту на кинае. Ин умр ғайри буду набуд дигар маънӣ надорад. Ҳама ба як ҷо меравем, бояд аз ҳар як соати умр лаззат бубарем. Ту ҳам азоб кашидӣ, медонам. Ман як хоҳиш дорам. Илтимос, баъди мурдани ман кӯдаконамро модарвор нигоҳ кун. Муродҷонро танҳо нагузор. Агар ман мурдам, ин номаро ба Ҳасану Ҳусайн те, онҳо боақланд.

Ӯ як номаро, ки даруни конверт буд, ба Сабо дод. Сипас як тугунча тиллову зеварҳояшро бароварда, гуфт:

- Ин тиллоҳоро ба духтаронам туҳфа кун рӯзи тӯяшон. Бигузор ин тиллоҳо зеби гӯшу гардану дастони духтаронам бошанд. Тақдир... касе пешониашро намедонистааст. Ману Мурод бо ҳам аҳд баста будем, ки то охири умр якҷоем, аммо насибу сарнавишт набудааст.

Сабо гириста, гуфт:

- Ин хел нагӯй апаҷон, бахт бахти ту аст, ман ҳанӯз арӯси ин хонадон набудам, ки туро Мурод никоҳ карда бадааст. Ӯ фақат туро дӯст медорад. Иншоаллоҳ сиҳат мешавӣ. Нияти нек кун.

- Сиҳат намешавам, дарди ман бедавост. Илтимос, баъди маргам ба кӯдакони ман модар бош, на моиндар.

Ду зане, ки мутааллиқи як мард буданду замоне чашми дидани якдигар надоштанд, ин лаҳза ҳамдигарро оғӯш карда, зор-зор мегиристанд.

Баъди як ҳафта Париваш бо дили гирён бо модарашу Мурод роҳ ба сӯйи Олмон пеш гирифтанд. Париваш пеш аз хона баромадан гаштаву баргашта омада кӯдаконашро ба оғӯш мегирифту бо чашмони ашколуд мегуфт:

- Дидор дар қиёмат.

Мурод ашки чашмонашро пинҳон карда, сарашро хам карду ҳамсарашро ба оғӯш кашида, гуфт:

- Худо меҳрубон аст, иншоаллоҳ сиҳат шуда меоӣ, занак.

Дар клиника пеш аз ҷарроҳӣ тамоми узви баданашро ташхиси тиббӣ гузаронданд. Рӯзи ҷарроҳӣ муайян шуд. Париваш ба Сабо занг зада, бо овози гирифта гуфт:

- Сабо, хоҳар, агар тавонӣ, маро бубахш. Ман ба фикрам тамом шудам. Фарзандонамро ба ту амонат мемонам. Илтимос, бо бадӣ маро ёд накун. Дидор дар қиёмат.

Сабо гуфт:

- Апаи Париваш, нияти бад накун, ҳамааш хуб мешавад. Ин ҳама тақдир будааст, ки ману туро бо як мард пайваст кард. Аммо ту хушбахт ҳастӣ, ки Мурод туро дӯст медорад ва ҳар лаҳзаи бо ту гузаронидааш пур аз муҳаббати самимӣ буд. Як рӯзи бо муҳаббат зистан аз 50 соли бе муҳаббат зиндагӣ кардан болотар аст. Бароят аз Худо саломатӣ мехоҳам. Ман ба дил кинае надорам, ҳар чӣ буд, гузашт.

Паривашро барои ҷарроҳӣ бурданд. Нуҳ соат аз амалиёти ҷарроҳӣ гузашт. Дар ин 9 соат Мурод фақат ин тарафу он тарафи роҳрави беморхона роҳ мегашту дуо мекард, ки азизи дилаш сиҳату саломат бархезад. Ӯ зиндагиашро бидуни Париваш тасаввур намекард. Алия ҳам гирён мунтазири хабари хуш буд. Мурод бо Париваш рӯзҳои ширинтарини ҳаётро паси сар карда буду ҳеҷ пушаймон набуд. Аммо дилаш ба Сабо сахт месӯхт, медонист, ки ӯ зани вафодор асту ҳеҷ гоҳ аз ӯ бадие намеояд. Вале ин дил танҳо Паривашро мехоҳаду халос.

Баъди 9 соат ҷарроҳӣ анҷом ёфт. Париваш беҳушу беёд хоб буд. Боз интизор шуданд, ки ба ҳуш биёяд. Мурод сахт меҳаросид, ки дигар ӯ ба ҳуш намеояд.

Ҳатто пеш аз ба утоқи ҷарроҳӣ даромадан рашкаш зӯри карду Париваш гуфт:

- Мардак, агар ман бимирам, занатро мисли ман дӯстдорӣ мекунӣ, навозишаш карда, асали ман мегӯйӣ? Фақат росташро гӯй. Ман бо рашк мемирам, отаи Ҳасан, Ҳусайн... ин дил ҳеҷ аз рашк намемонад. Дӯстат медорам. Умед дорам, ки дар он дунё бидуни Сабо ману ту ба дидори ҳам мерасем. Дидорҳо дар қиёмат.

Мурод ин лаҳза суханони вопасини занашро пеши рӯ оварда, аз дил гузаронд: “Оҳ рашки зан...”.

Баъди соате дили армонии Париваш аз задан монд. Нолаву фиғони Алия бо Мурод ба осмон печид. Вале дар ин дунё агар ҳама чиро харида шавад, маргро намешавад. Марг ҳатмист барои ҳар як инсони заминӣ.

Аҷиб аст зиндагӣ, ёрон,

Дар ин дунёи пурармон.

Даме ки пур шавад паймон,

Касе мурдан намехоҳад.

Мурод чашмони армонии ҳамсарашро бо панҷаи дастонаш пӯшонд.

... Ишқам, муҳаббатам рафт ба олами хомӯшон...

Ҷасади Паривашро ба ватан оварданд. Сабо ҳам дар ҷаноза буд.

Мурод баъди марги Париваш хаёливу камгап шуда, ҳар рӯз мерафт сари қабри занаш. Аммо ҳанӯзам муносибаташ сард буд бо Сабо.

Боре Сабо ба ӯ гуфт:

- Мардак, мебинам, ки ҳанӯзам бо ман сардӣ. Ман ростӣ аз бемеҳриат сахт хаста шудам.

- Сабо, ман ба ту одат кардаам. Одат бошад, аз муҳаббат бадтар аст. Сабр кун, ҳамааш хуб мешавад.

Сабо аз ин гапи шавҳараш хеле хурсанд шуд.

Ҳоло онҳо бо фарзандонашон хушу хушбахт умр ба сар мебаранд. Фарзандони Париваши ғӯрамарг ӯро очаҷон мегӯянд. Мурод ҳамеша дар намозҳояш шукр мекунад, ки Худо чунин як зани отифаро насибаш гардонд.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

АЗ МУАЛЛИФ:

Дӯстони азиз, ин қиссаи воқеӣ инҷо ба анҷом расид. Ман ҳам дуо мекунам, ки ба тиллописарони мову шумо чунин як зане мисли Сабо баринҳо насиб гардад. Чунки зане шавҳарашро сидқан дӯст медорад, ҳатман ин мардро хушбахт мегардонад.

Боқӣ, пирӯзу саодатманд бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД