Сабо аз пайи тайёр кардани ноништа шуд. Ширбиринҷу ҳалвои тарак пухта, ба кӯдакон доду духтараконашро ба мактаб гусел кард. Писарони шавҳарашро бошад, бо тамошои филмҳои тасвирӣ машғул сохт.
Ногаҳ Ҳасан ба Ҳусайн гуфт:
- Очаам гуфт, ки дар хонаи холаи дигарӣ ҳаргиз хӯрок нахӯред. Аммо ин ширбиринҷ бомазза буд.
- Ҳо, манам хӯрдам, аз ширбиринҷи очаам бомаззатар. Охир, ин хола зани дадамон аст.
Сабо ин гуфтугӯйи онҳоро фаҳмида, карахт шуд. Ҳис кард, ки Париваш ниҳоят ба ӯ рашк дорад ва душмани ҷонаш медонад.
... Эҳ зани беақл, наход ман ин тифлакони беозорро азоб диҳам. Меҳр, муҳаббати шавҳарам пурра аз худат аст, пас чаро беҳуда рашкам мекунӣ? Ман ҳамчун зан барои Мурод вуҷуд надорам. Ман келини очаи раҳматиаш будам ва мемонам.
Қарибиҳои нисфирӯзӣ Мурод занг зада, гуфт:
- Очаи кӯдако, дугоник, шоҳдухтарҳоям таваллуд шуданд. Ҳазорон бор шукр, камтар тухмбирёну гармсӯз бипаз, омада мебарам.
- Майлаш, мардакҷон,- гуфту якбора мисли кӯдак баланд гиря кард.
Сабо ҳеҷ пеши роҳи рашкашро гирифта наметавонист. Мехост, ки ин лаҳза Париваш бимирад.
Мурод бо чеҳраи шукуфон осемасар ба хона омаду хӯроки гармро гирифта баромада ба назди Париваш рафт.
... Оҳ дилаки дардмандаме, Худоё ба дилам оромӣ бубахш. “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”,- иншоаллоҳ ин ҳам мегузарад.
Баъди таввалуди тифлакон Паривашро ба хона бурд Мурод. Аммо якбора дар даҳон ва коми ҳамсараш сурхӣ дамида, сўзиш пайдо кард ва мудом аз он об мерафту тоқат накарда, дод мегуфт.
Мурод ӯро ба назди домулло бурд. Барои дугоникҳо як занро киро карда ба хонаи Сабо овард, то ки то сиҳат шудани Париваш тифлаконро парасторӣ намояд.
Домуллои донишманд гуфт:
- Бод ба маънои дам аст ва дар урф як навъ бемориро мегўянд, ки одатан дар кому даҳони инсон пайдо мешавад, яъне дар даҳон ва ком сурхӣ дамида, сўзиш пайдо мекунад ва мудом аз он об меравад. Барои муолиҷаи бемории бод сураи «Фотиҳа», аввали сураи «Бақара» (ояти 1-6), «Оятулкурсӣ», охири сураи «Бақара» (ояти 284-286), сураи «Ғошия», «Шарҳ» ва сураҳои «Кофирун», «Ихлос», «Фалақ» ва «Нос» хонда мешавад. Барои муолиҷаи ин беморӣ 21 бор хондани сураи “Ғошия” низ ворид шудааст. Аз тарс, зиқии зиёд пайдо мешавад ин беморӣ. Мо беморро дуо мехонем, бо амри Худо иншоаллоҳ сиҳат мешавад.
Паривашро домулло се рӯз дуохонӣ кард. Ҳолаташ камтар хуб шуд. Ӯ аз шавҳараш хоҳиш кард, ки дигар кӯдаконро назди қундошаш набарад.
- Париҷон, охир ӯ бо кӯдаконамон хеле меҳрубон аст.
- Бовар надорам, ӯ душмани ҷонам аст.
- Ором бош ҷонам, дигар намебарам.
Париваш аз шиддати рашку ғазаб худро идора карда наметавонист. Якбора ба дарди васвос гирифтор шуд. Ба назараш менамуд, ки кӯдакони ӯро зани шавҳараш дуздида бурда куштанист. Дод мегуфту ба худ мепечид. Дардаш ҷунунвор буд.
Мурод ӯро барои табобат ба шаҳри Маскав бурд. Кӯдаконро ба Сабо супурду барояш ду занро ҳамчун ёрдамчӣ киро намуд.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН