Хусураш худаш танҳо омад, гуфт, ки ҳамсари ҷавонаш ҳомила шудааст, омада натавонист. Ҳама сарҷамъ нишастанд. Ҳасану Ҳусайн зуд бо Сабо унс гирифтанд.
Зарина аз акааш пурсид:
- Акаҷон, якбора бо ҷиянҳо янгаи Паривашро гирифта наовардед?
- Не, ӯ дар моҳи охирини ҳомилагӣ қарор дорад.
Сабо зуд баҳонаи чойбиёрӣ ба тарафи утоқи хӯрокпазӣ рафт. Ин лаҳза мехост, ки худро аз тирезаи 5-ум ошёна фиканда, ҷони ширинашро аз ин дунё халос кунад. Аммо боз иродаашро дошту зери лаб “Худоё, қувватам деҳ” гӯён, тирезаро пӯшид.
Аз дил гузаронид: азизи дили шавҳарам номаш Париваш будааст. Албатта Париваши ростина будагист, ки шавҳарам ин қадар ӯро дӯст медорад, ин қадар муҳаббати бузург дорад. Писарони дугоникаш шабеҳи духтарони ман. Тақдир... чунин будааст, бо муҳаббати яктарафа зистан ва армонӣ мурдан.
Ашк ранги сурмаамро шуста мерезад ба рӯи болини сардам.
Бе ту ман танҳоям, эй мард!
Бе ту ман танҳоям, эй мард!
Онҳо то нисфишабӣ нишастанду сипас хайрухуш карда, ҳама ба хонаҳои худ баргаштанд. Мурод ҳам ӯро бо духтаронаш танҳо гузошта рафт.
Сабо то субҳ гириста, якбора фикри аҳриманӣ фарогираш шуд: “Кош Париваш вақти зоидан мемурд, кош...”.
Ногаҳон аз ин фикраш тарсиду гуфт: “На, на, Худо маро бубахш, ин рашки шайтонӣ маро девона кардааст, айби ӯ нест охир, пеш аз ман ин занро дӯст медоштааст. Вале чаро хусуру хушдоманам нахостанд, ки писарашон маҳз дӯстдоштаашро бигирад? Ҳам маро бадбахт карданду ҳам писарашонро”.
Чаро ва чароҳои зиёде...
Соатҳои 4-и субҳ шавҳараш бо дугоникҳояш дарро бо калиди худаш кушода даромаду бо чашмони сурху варамида гуфт:
- Очаи кӯдако, бачаҳоро нигоҳ кун хушрӯ, гушна, ташна намонанд. Ман Паривашро ба таваллудхона бурда мондам. Ҳолаш хеле бад аст, дуогӯ бош дар намозҳоят, агар ӯ як чӣ шавад, ман ҳам мемирам.
Ва баромада рафт.
Ашки шавҳарашро бори аввал дид Сабо.
Сабо кӯдаконро дар утоқи алоҳида бурда хобонду худаш намози бомдод хонд. Сипас ба шавҳараш паёмак навишт, ки аҳволи модари бачаҳояш чӣ хел аст?
Мурод ба ӯ занг зада, гуфт:
- Медонӣ, ман дар бораи зан доштанам ҳеҷ гоҳ ба ту нагуфта будам. Аммо худат дарк кардӣ, ки ман дигареро дӯст медорам самимӣ. Париваш дар детдом (ятимхона) калон шудааст. Ман бо ӯ тасодуфан ҳангоми имтиҳонсупорӣ дар донишгоҳ шинос шуда будам. Бо як дидан ошиқаш шудам. Аммо падару модарам “сағераи бе авлод аст, кӣ медонад, ки падару модари ӯ кӣ буданд, шояд хунаш ҳаром аст” гӯён иҷозат надоданд, ки ӯро бигирам. Ман ноилоҷ хотири муҳаббатам ӯро пинҳонӣ никоҳ кардам. Баъди 7 моҳи зиндагиям бо Париваш туро падару модарам ба зӯрӣ тӯй карда доданд. Ман аввал хостам, ки шаби тӯй ба ту ҳамаашро иқрор мешаваму бурда ба хонаатон мемонам. Аммо модарам чунон гирист, ки “бачам, духтари хуб аст, илтимос хотири ман бо ӯ зиндагӣ кун. Аз ту чӣ меравад? Бо Паривашат ҳам зиндагӣ кун. Ҳоло замона ҳамин. Ӯро ки дӯст дорӣ, инашро то дами маргат напартову эҳтиром намо”. Ҳамин тавр, ман дузана шудам. Ту зани беҳтаринӣ, аммо ман бо такрор мегӯям, ки дил банди дигарест. Маро бубахш.
Сабо оҳи сарде кашиду гуфт:
- Мардак, ман туро дӯст медорам ва ин бароям басанда аст. То дами маргам вафодорат мемонам. Ба тақдир тан додаам. Ҳоло аҳволи занат чӣ хел аст?
- Табибон мегӯянд, ки ин навбат ҳам дар батнаш дугоник, эҳтимолан духтар аст ва мебояд бо тариқи ҷарроҳӣ бигиранд тифлаконро. Умед ба Аллоҳи меҳрубон мекунем. Ташаккур ба ту, очаи кӯдако, ки дили маро дарк мекунӣ. То вақте зиндаам, туро чун гавҳараки чашм парасторӣ мекунам.
Ин дам дили Сабо дод мегуфт, гиря мекард.
... Таззоди зиндагиро бубин, бо ман чун дӯст асту бо Париваш ошиқ. Кош як зарра он меҳру муҳаббаташро ба ман ҳам мебахшид, кош.
Худо ба ин зан боз дугоник дода истодааст. Албатта, ба ман алам мекунад, бахт чизи ширин аст, тақсим кардани он бисёр мушкил аст барои зан. Аммо замин сахту осмон баланд, аз сарнавишти навиштаи Худованд касе зӯр баромада наметавонад.
Бе ту ман танҳоям, эй мард!
Бе ту ман танҳоям, эй мард!
Дафтари хотираҳоямро зи номат пур месозам...
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН