Сабо шаби дароз хобаш набурда, сари ҷойнамоз нишаст ва намози истихора хонд. Аммо рӯзи дигараш ҷавонзани пулпараст ором нашуда, ба шавҳараш гуфт, ки ё ман аз ин хона баромада меравам ва ё ту келинатро бо набераҳоят бурда дар шаҳр пеши шавҳараш мегузорӣ. Гап тамом, вассалом.
Хоҳаршӯйҳояш ҳарду аз ин моҷаро дарак ёфта, давида омаданд, аммо гапи онҳо ба падар нагузашт. Мӯйсафед ошиқи шайдои ин шайтонзан касеро на медиду на мешунавид. Оқибат Мурод онҳоро ба як хонаи сеҳуҷрагии пурҷиҳоз бурда, дар пойтахт гузошту гуфт:
- Очаи кӯдако, ту то ҳаваси падарам нисбати зани ҷавонаш паст шудан ин ҷо меистӣ. Боз ин тарафашро мебинем. Чизе даркор аст, рӯйхат мекунӣ, духтаронро ронанда ба мактаби нав мебараду меорад. Худат ҳам чизе даркор шуд, занг бизан ба ман, ронандаамро мефиристам, меорад.
- Шумо чӣ?
- Ман, нафаҳмидам?
- Охир шумо падари фарзандонам, мехоҳам ки ақаллан дар як ҳафта ду шаб ин ҷо истед бо мо. Эҳ мардак, магар мушкил аст бо зани никоҳии худ меҳрубон будан?
- Ту ба фикрам аз шаби аввали тӯй фаҳмида будӣ, ки раҳматии очаҷонам маро маҷбурӣ зан дода буд ва ман ба ту гуфта будам, ки эҳтиромат мекунаму халос. Аммо, илтимос, дӯстдорӣ талаб накун, дилам ҳеҷ туро дӯст надошт. Бовар кун, бисёр кӯшиш кардам, наметавонам, намешавад.
- Пас, чаро маро раҳо намекунӣ?
- Модарам васият карданд, ки туро то вақте зиндаам, хоршавӣ нагузорам. Хотири духтаронам зиндагӣ мекунем. Аз пулу зару зевар тамоман фикр накун.
- Охир ин ҳама гӯшвораҳо, дастпонаҳо, зиреҳҳои тиллоӣ магар ба муҳаббати туйи азиз баробар шуда метавонад? Канӣ бигӯ?
Сабо сахт гиристу пеши пойи шавҳар фитод. Аммо Мурод хомӯш баромада рафт.
Боз зиндагии якхела идома дошт.
Сабо рӯ ба қаламу коғаз овард. Эҷод мекарду гоҳо эҷоди дигаронро мутолиа. Доимо зери лаб мегуфт: “Бе ту ман танҳоиро эҳсос мекунам, эҳ мардак”
Ҳар бор падару модараш ба хабаргириаш биёянд, насиҳат мекунанд, ки духтарам, ба тақдират тан бидеҳ, шавҳарат барои туву духтаронат ҳама шароитро муҳайё кардааст, хап карда шин. Муҳим пул аст дар зиндагӣ.
Аммо Сабо фақат бо гиря дилашро холӣ мекарду халос. Рӯзи зодрӯзаш фикр кард, ки шояд ҳамсараш омада ӯро табрик мекунад. Аммо Мурод фаромӯш карда буд зодрӯзи ҳамсарашро. Ноилоҷ худаш ба ҳамсараш паёмак навишт, ки мардак, имрӯз хона меоед? Хӯроки дӯстдоштаатонро пухтам, торти асалин ҳам тайёр шуд, ҳозир Заринаву Мадина ҳам бо тағоям меоянд. Фақат шуморо интизорам.
Шавҳараш занг зада гуфт, ки чӣ даркор аст, ӯ гирифта меорад.
- Бароят чӣ туҳфа бигирам?
- Аввал қавл диҳед, ки туҳфаи мехостагиамро мегиред.
- Чаро не, дилат чизе хоҳад, бигӯ?
- Мехоҳам, ки маро бо чашми муҳаббат нигоҳ кунед, тамом. Ин туҳфаи беҳтарин аст бароям.
- Ин туҳфа фурӯхта намешавад, очаи кӯдако. Рӯзи зодрӯзат аст, вагарна як гапи хубат мегуфтам. Бас кун чунин гапҳоро, меҳр, муҳаббат. Ҳозир бо Ҳасан, Ҳусайн меоем.
Сабо ин лаҳза гӯширо сахт дошта, ба худ гуфт: “Хаста шудаам аз бемеҳриат, мардак”.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН