Боре Сабо тасодуфан суҳбати телефонии хоҳаршӯяшро бо кадом зане шунид.
Хоҳаршӯяш ба касе мегуфт:
- Янгаҷон, шумо чаро ба ин рашк мекунед? Охир, акаам аз аввал танҳо шуморо дӯст медошт. Инро бошад, барои хона, барои очаам гирифт. Ин бечора хапу хомӯш аст. Шумо дугоник писар доред ва акаам барои шумо ҷонашро дареғ намедорад.
Ногаҳон янгаашро диду гӯширо кушт.
Сабо ҳам сир бой надода, пурсид:
- Заринаҷон, ош пазам ё оши туппа бароят?
- Янгаҷон, ташаккур, чизе ки дилатон кашад, пазед.
- Охир, ту меҳмон имрӯз.
- Бароям фарқе надорад, дасти шумо мисли дасти очаам бомазза.
Сабо ин дам зери лаб мегуфт: “Аҷаб дунё, ман хоҳаршӯямро аз давраи наврасиаш ин ҷо келин шуда омада мисли хоҳари худам парасториаш мекардам, ӯ бошад, бо зани пинҳонии акааш ин қадар ширин ҳарф мезанад. Шояд ин хонум пеш аз ман буд, боз дугоник писар ҳам доштааст. Оҳ, рашк, оромам гузор, ки дилам мекафад. Шукри зиндагии серу пур, шукри духтаронам, шукри хусуру хушдоманам, шукри зинда будан”.
Зери лаб пайи ҳам “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро бисёр такрор мекарду дилаш каме ором мешуд.
Вақте хушдоманаш ба сактаи қалб гирифтор шуду вафот кард, хусураш зангир шуд. Ҷавонзани бевамондае ба хотири пул ин мӯйсафеди 69-соларо ба шавҳарӣ қабул карда, ба ин хона омад. Ин ҷавонзан дам ба дам ба Сабо шунавонида мегуфт:
- Ин шавҳарат чӣ хел одам, ки дар як ҳафта як бор меояду халос? Чаро туро бо духтаронаш ба шаҳр наздаш намебарад? Шояд он ҷо зан дорад?
Сабо кӯтоҳакак мегуфт, ки зан надорад, кораш зиёд, ман худам намеравам, шавҳари ман як писар байни ду духтар, бояд ман ин ҷо бошам.
- Охир, хушдоманат мурд, хусурат бошад, маро гирифт. Ман зани ҷавонам, мехоҳам бо шавҳарам танҳо бошам. Ту намефаҳмӣ?
- Ман ба ҳеқ куҷо намеравам, ин хонаи шавҳари ман аст.
Ин ҷавонзани ороставу танноз дар як дам дили шавҳарашро ёфту ӯ ҳам ба писараш занг зада гуфт, ки биё зану духтаронатро аз ҳавлӣ гирифта бар, ман мехоҳам бо ҳамсари ҷавонам хушбахт зиндагӣ кунам.
Шавҳараш омаду бо падар ҷанҷол бардошт. Сари қаҳру ғазаб ба тарафи ҷавонзан давида, ӯро муште фароварда, ҳақораташ кард. Ин ҷавонзани айёр дар як дам ба кормандони полис занг зад. Онҳо давида омада шавҳари Саборо бо худ бурданд. Сабо аз гиребони зани хусураш чанг зада, гуфт:
- Ба хубӣ рав аризаатро гиру шавҳари маро барор, вагарна туро мекушаму ба маҳбас мешинам, фаҳмидӣ!? Ман барои шавҳарам ҷонамро медиҳам.
- Шавҳаре, ки болоят зан дораду туро тамоман дӯст намедорад, мур ту барин зани бе ғурур!
Сабо ғазабашро нигоҳ дошту гуфт:
- Э зани аблаҳ, бас аст таъна, ту эҳсоси дӯст доштанро аз куҷо дарк мекунӣ? Ту ба хотири пул бечора падари пири шавҳари маро ба худат ошиқ карда гирифтаӣ, боз забонат дароз, ҳарф мезанӣ.
Ин лаҳза хусураш аз ҳамсараш талаб кард, ки рафта якҷоя аризаашро бигиранд. Ҷавонзан ноилоҷ сукут карду онҳо рафтанд. Баъди соате бо шавҳари Сабо - Мурод баргаштанд. Мурод асабҳояш вайрон, ҳатто хайрухуш накарда баромада ба шаҳр рафт. Ба паёмакҳои беохири Сабо тамоман посухе надод.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН