Саборо падару модари камбизоаташ ҳатто напурсида, баъди хатми мактаби миёна зуд ба як оилаи пулдору сарватманд ба шавҳар доданд. Домодро ҳамагӣ як бор дид пеш аз тӯй Сабо.
Сабо мехост шоира шавад, пинҳонӣ шеър эҷод мекард. Ду дафтар пур аз мисраҳои офаридааш буд. Аммо падару модар дили ӯро напурсида, тӯй карданд. Сабо кӯшиш мекард, ки хусуру хушдоманашро эҳтиром кунад. Шавҳараш шаби висол дар хона набуд. Қарибии нисфирӯзӣ ширакайф ба хона омаду ба арӯси ороста ҳатто нимнигоҳе накарда, рӯйи бистар ғелид ва зуд хобаш бурд. Арӯс ба домод нигариста, аз дил гузаронид, ки шавҳараш чаро ба ӯ нигоҳ намекунад: “... Шояд ман писандаш наомадам”.
Домод рӯзи дигар ҳам чунин рафтор кард ва танҳо рӯзи савум бо ҳамсараш аз наздик шинос шуд. Гуфт:
- Ман ду хоҳар дорам ва боз падару модари азиз. Агар ту якеи онҳоро ранҷонӣ, бидон ки агар даҳ кӯдак таваллуд кунӣ, ман туро сар медиҳам. Очаам туро барои худашон духтари камбағали сархам гӯён келин карданд. Вагарна ман чанд маъшуқаи хеле зебо дорам. Ман бароят тамоми шароитро муҳайё месозам, аммо бояд хонаводаи маро эҳтироми зиёд кунӣ. Фаҳмидӣ? Аз ман на меҳр, на муҳаббат талаб накун, инро дар ҳарду гӯшат гир.
Сабо чизе нагуфту чашмони зебояшро поин афканд.
Умр мисли аспи даванд мегузашт. Аз байн 5 сол гузашт. Сабо соҳиби ду духтарчаи зебову солим шуд. Аммо таваллуди фарзанд ҳам дили шавҳарашро ҳеҷ гарм намекард. Вале аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳамсару духтаронаш аз молу мулки дунявӣ пур буданд. Хусуру хушдоман ҳам хеле ӯро дӯст медоштанд.
Сабо ба шавҳараш зиёд рашк мекард. Аммо кӯшиш менамуд, ки рашкашро нишон надиҳад. Дугонаҳояш ҳасад мебурданд, ки шавҳари Сабо пулдор аст ва зиндагиаш шоҳона мегузарад.
Боре Сабо аз шавҳараш пурсид:
- Отаи Ясмина, ту маро дӯст медорӣ?
- Худат медонӣ, ки эҳтиромат мекунам. Дигар савол нате, фаҳмидӣ?
- Мехостам як бор меҳрубонона бигӯйӣ, ки дӯстат медорам.
- Аз чӣ камӣ?
- Муҳим дар зиндагӣ байни зану шавҳар пул нест, муҳим ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббати дутарафа аст.
Сабо ашки чашмонашро пок кард. Ин лаҳза шавҳараш рӯйи кресло нишаста, дар телефони мобилиаш ба касе паёмак мефиристод. Ногаҳон назари Сабо ба паёмаки шавҳараш афтод:
- Ҷонам, пазмонат шудам, чени дунё.
- Ҳа, чӣ болои сари ман мисли ҳайкал истодаӣ? Рав аз паси кори хона шав.
Сабо гирён ба ошхона рафт.
... Эҳ мардак... ту аз куҷо медонӣ дили маро. Ин ҳама боигарӣ, хонаҳои боҳашаммат, зару зевар ба муҳаббати ҳақиқӣ баробар намешавад. Як сухани хуши ту бароям дору аст. Магар боре эҳсос накардӣ, ки дилам баробари диданат метапад аз хурсандӣ? Лол мешавам, вақте ҳар ҳафта аз шаҳр ба хона меоӣ (шавҳари Сабо дар пойтахт вазифаи даромадноке дошт). Худро ороста мекунам, аммо тамоман нимнигоҳе накарда, духтаронатро бӯса мекунӣ, модару падаратро ба оғӯш мегирӣ, гарм-гарм, аммо маро гӯё намебинӣ. Нестам, мисли як ашёи нодаркорам бароят. Чашмонатро доим аз ман мегурезонӣ. Зиндагии маҷбурӣ дорӣ гӯё бо ман ва дарк мекунаму дарун ба дарун месӯзам. Дӯстат медорам, марди хонадонам, падари фарзандонам. Аз Худо дар намозҳоям зорӣ мекунам, ки як боракак будани маро дар зиндагиат эҳсос намоӣ.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН