arzon replenishment
Пул ва карера муҳимтар аст, ё бахт?
132

Аксарият мегӯянд, ки дар зиндагӣ пулу мол ва кору мансаб не, балки бахт муҳим аст. Аз як ҷиҳат рост ҳам бошад, аз тарафи дигар ба ин ақида метавон розӣ нашуд.

Бале, пулу мол ва кору мансаб ҷузъи асосии зиндагии мо шуда наметавонад, аммо бе истиқлолияти молӣ, бидуни эҳсоси фоидаовар будан, зан ё мард дар зиндагӣ худро номукаммал эҳсос мекунанд. Аслан бахт бояд зидди кор ва худтакмилдиҳӣ набошад, чун ин ҳама ба инсони комил шудан мусоидат мекунад.

Дар ҷомеаи имрӯза бисёре аз духтарони соҳибилм, кордону мустақил зуд ба шавҳар намебароянд, гоҳе вақтҳо дар ҷустуҷӯи хушбахтии аслӣ шояд бошанд ва ҳамин ақидаи атрофиён, ки “кай хушбахт мешавӣ?” метавонад руҳан ба онҳо зарари ҷиддӣ расонад. Ингуна фишорҳо ҳатто сабаби интихоби нодуруст ҳам буда метавонанд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки дар ҷомеаи модерн, ки зану мард баробарҳуқуқанд, ба духтарҳо ҳам нафаси озод ва бидуни фишор дода шавад. Чун имрӯз ҳар як духтаре, ки пайи омӯзиш ва дарёфти худ аст, ба чунин мушкилӣ дучор меояд ва ин саргузашти ман ё як каси дигар нест, ин мушкилии ҷомеаи мост, ки то ҳол ба пешравиамон монеъ мегардад.

Ҳамин гуна ҳолат барои писарон низ рух медиҳад. Масалан писаре, ки мехоҳад аввал худро ёбад, таҳсил кунад, вале намехоҳад зуд оиладор шавад, зери фишори волидайн қарор мегирад. Инҷо сабабҳо гуногун шуда метавонад, вале мушкил як аст, замон дар ҳоли тағйир аст ва мо бояд новобаста аз арзишҳои динӣ ва расму одатҳо ба дарёфти хушбахтии комил дар талош бошем, чун мо як бор таваллуд мешавем, то зиндагӣ кунем, пас тавре бояд зист, ки баъдан “эй кош” нагӯем, зеро маҳз ҳамин мафҳум бадбахтии воқеист.

Хушбахтӣ - ин на танҳо ёфтани ҳамсар, балки ёфтани оромиш, бо муҳаббат ва маъно зистан, тавоноии гиристану хандидан ва билохира доштани зиндагии хуш аст.

Волидайн бояд барои фарзандонашон на танҳо бахти зоҳирӣ, балки бахти амиқи ботиниро орзу кунанд.

Гуфтани «Илоҳо бахт ёбӣ, бачем!» бояд маънои васеъ дошта бошад, яъне илоҳо оромии қалб ёбӣ, илоҳо инсонеро ёбӣ, ки туро фаҳмад ва ту тавонӣ ҳамеша бо худ ҳамоҳанг бошӣ, ту метавонӣ роҳатро худат интихоб кунӣ ва ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ақидаҳои худро ба ту бор кунад, зеро бахт на дар он аст, ки дигарон чӣ мегӯянд, балки дар он аст, ки ту худатро чӣ гуна эҳсос мекунӣ.

Дило ДОРОБШОЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД