arzon replenishment
ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ДУХТАРИ НОБОЛИҒРО ТАШХИСИ ДНК МЕКУНАНД
2921

Прокуратураи генералии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии худ қазияи таҷовуз шудаи духтари 12 – солаи Ҳисориро шарҳ дод. Мақомот мегӯяд, ки барои маълум кардани падари кӯдаки думоҳаи духтари ноболиғ ӯро ташхиси ДНК мекунанд.

Фаррух Рауфов, муовини сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакии Прокуратура рӯзи 14 - уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт: “ҳодиса ҳанӯз то тавалуди кӯдак мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт ва ташхиси ДНК барои он анҷом дода мешавад, ки падари биологии кӯдакро маълум кунанд”.

Ҳусниддин Абдуллоеви 42 – сола марде, ки ба таҷовузи ин ноболиғ муттаҳам мешавад, рад кардааст, ки тифл фарзанди ӯст. Волидони духтар ба “Радиои Озодӣ” гуфтаанд, ки марди ҳамсоя духтарро соли 2019 дар оғилхона таҷовуз кардааст ва духтар аз тарс ба касе чизе нагуфтааст. Ба гуфтаи онҳо, баъди 7 - моҳа шудани тифли батнаш бибии духтари ноболиғ аз он чӣ ки ба сари наберааш омадааст, огоҳ шуд. Духтар нақл кардааст, ки марди таҷовузкор дар даст корд дошт ва бо таҳдиду зӯрӣ ӯро таҷовуз кард.

Қаблан сомонаи “Оила” аз қавли раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров иттилоъ дода буд, ки дар деҳаи лӯлинишини Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Сомон, ки дар наздикии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, духтараки ноболиғи 12 - сола баъди таҷовуз шуданаш аз ҷониби марди 42 - сола кӯдак таваллуд кардааст.

Зойиров дар як аризааш ба унвони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори кишвар навиштааст, ки соли 2019 як сокини 42 - солаи ин деҳа бо номи Хусниддин Абдуллоев духтари 12 - солаи ҳамсояашро дар оғилхонаашон таҷовуз кардааст. Ин духтар, ки Зарипова Сумая Хайриддиновна ном дошта, соли таваллудаш 2007 мебошад, ду моҳ пеш кӯдак таваллуд кардааст.

Зойиров аз он нигарон буд, ки мақомоти корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ин ҳодисаро пинҳон мекунанд. Ба гуфти ӯ кормандони ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ҳодисаи ба сари ин духтарак омадаро ранги дигар диҳанд ва ҳукм ҳам бароранд, ки ин ҳодиса таҷовуз ба номус набуда, ин духтар аз дигар мард ҳомиладор шудааст.

Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо мухбири мо даъвои Раҳматилло Зойировро дар бораи рӯйпӯш шудани таҷовузи ин духтар аз сӯи тафтишгарон рад кард. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазоарти корҳои дохилии кишвар гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 42 - сола дар Прокуратураи шаҳри Ҳисор боз шуда, тафтишот аз рӯи он идома дорад. Ба гуфти Маҳмадзода азбаски ин ҳодиса соли 2019 рух додаасту ҳомила будани духтар маълум набудааст, ҷабрдида ба мақомот муроҷиат накардааст.

“Илова бар ин, зимни таҳдид ва сӯистифода аз нотавонии духтар, ӯ беш аз як бор ба ин духтар таҷовуз кардааст. Ниҳоят ин духтар маҷбур шуд ба волидайни худ бигӯяд, ки чӣ иттифоқе барои ӯ меафтад ва Ҳусниддин Абдуллоев бо ӯ чӣ мекунад”, - омадааст дар мактуби Зойиров.

Бино ба навиштаи ӯ, вақте волидайн аз ҳодиса огоҳ мешаванд, Абдуллоев бо таҳдид ба духтар ва волидайнаш онҳоро нагузоштааст, ки ба мақомот ариза нависанд, аммо пас аз гузаштани муҳлати муайян ин духтар ҳомиладор шуд ва ниҳоят волидайнаш ба прокуратураву мақомоти корҳои дохилӣ аз боли ҳамсояашон шикоят карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД