Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъвои Рахматилло Зойировро дар бораи рӯйпӯш шудани таҷовузи як духтари 12 – сола дар шаҳри Ҳисорро аз сӯи тафтишгарон рад кард
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазоарти корҳои дохилии кишвар дар суҳабт бо бахши тоҷикии хабаргузории “Sputnik” гуфтааст, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 42 - сола дар Прокуратураи шаҳри Ҳисор боз шуда, тафтишот аз рӯи он идома дорад. Ба гуфти Маҳмадзода азбаски ин ҳодиса соли 2019 рух додаасту ҳомила будани духтар маълум набудааст, ҷабрдида ба мақомот муроҷиат накардааст.
“Вақте ки аломатҳои ҳомиладор будани духтар пайдо мешавад, он гоҳ пайвандонаш ба мақомот муроҷиат кардаанд. Пас аз таваллуди тифл духтар нишондод медиҳад, ки аз Ҳусниддин Абдуллоев ҳомила шудааст. Тафтишот идома дорад, аммо гумонбари асосӣ маълум нест. Эҳтимоли ширкати дигар афрод дар ин ҷиноят низ вуҷуд дорад. Ҳоло натиҷаҳои ташхисҳои зарурӣ маълум шавад, гунаҳкор низ рӯи об хоҳад баромад”, - гуфтааст Нусратулло Маҳмадзода.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров Раҳматулло Зойиров дар саҳифаи фейсбукаш навишт, ки як духтари ноболиғи 12 – сола таҷовуз шудааст ва дар ин бора ба прокурори генералӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон нома навишта, хабар дод. “Дар деҳаи лӯлинишини Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Сомон, ки дар наздикии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, духтараки ноболиғи 12 - сола баъди таҷовуз шуданаш аз ҷониби марди 42 - сола кӯдак таваллуд кардааст”, - навишта буд Зойиров.
Айни замон, раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон аз он шикоят дорад, ки прокуратура ва мақомоти корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ин ҷиноятро рӯйпӯш карда, ба хешовандони ҷабрдида таҳдид мекунанд. Худи Зойиров адвокатии ин духтарро бар уҳда гирифтааст. Аммо сухангӯи ВКД ин даъвои ӯро рад кард ва гуфт, ки ҳеҷ кас ба хонаводаи духтарак таҳдид накарда, ба онҳо фишор наовардааст.
“Илова бар ин, зимни таҳдид ва сӯистифода аз нотавонии духтар, ӯ беш аз як бор ба ин духтар таҷовуз кардааст. Ниҳоят ин духтар маҷбур шуд ба волидайни худ бигӯяд, ки чӣ иттифоқе барои ӯ меафтад ва Ҳусниддин Абдуллоев бо ӯ чӣ мекунад”, - омадааст дар мактуби вакили дифоъ, ки дар сафҳаи фейсбукиаш нашр шуд.
Бино ба навиштаи ӯ, вақте волидайн аз ҳодиса огоҳ мешаванд, Абдуллоев бо таҳдид ба духтар ва волидайнаш онҳоро нагузоштааст, ки ба мақомот ариза нависанд, аммо пас аз гузаштани муҳлати муайян ин духтар ҳомиладор шуд ва ниҳоят волидайнаш ба прокуратураву мақомоти корҳои дохилӣ аз боли ҳамсояашон шикоят карданд.
Қаблан сомонаи “Оила” иттилоъ дода буд, ки Раҳматилло Зойиров ба унвони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори кишвар ариза навишта гуфт, ки соли 2019 як сокини 42 - солаи ин деҳа бо номи Хусниддин Абдуллоев духтари 12 - солаи ҳамсояашро дар оғилхонаашон таҷовуз кардааст. Ин духтар, ки Зарипова Сумая Хайриддиновна ном дошта, соли таваллудаш 2007 мебошад, ду моҳ пеш кӯдак таваллуд кардааст.
Зойиров аз он нигарон буд, ки мақомоти корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ин ҳодисаро пинҳон мекунанд. Ба гуфти ӯ кормандони ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ҳодисаи ба сари ин духтарак омадаро ранги дигар диҳанд ва ҳукм ҳам бароранд, ки ин ҳодиса таҷовуз ба номус набуда, ин духтар аз дигар мард ҳомиладор шудааст.
Зойиров ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб намудааст, ки ин қазияро пурра таҳти назорати худ гиранд ва нагузоранд, ки марди таҷовузкор аз ҷавобгарӣ озод шавад. Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории кишвари мо алоқаи ҷинсӣ бо шахси ноболиғ ҳатто дар сурати розӣ будани худи ӯ ҳам таҷовуз ба номус буда, ҷавобгариро талаб мекунад.
Дар робита ба ин ҳодиса прокуратураи генералӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор ҳанӯз ҳарфе нагуфтаанд. Айни замон, тафтшот аз рӯи ин парванда давом дорад.