Sebiston new 2024 october
Президент шахсан занг зада, табрикашон кард
769

Зане дар Мали 9 фарзанд таваллуд кардааст. Ҳамаи онҳо зиндаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, як зани 25-солаи Малӣ якбора нӯҳ кӯдакро бомуваффақият ба дунё овард. Аз ин шумора 2 нафар бештар аз интизории пизишкон аст, ки ҳангоми ташхиси ултрасадо онҳо ҳамагӣ 7 кӯдакро дида буданд.

Духтурон муайян карда буданд, ки ӯ дар батн 7 кӯдак дорад, аммо 9-то таваллуд шуд. Аз онҳо 5 духтар ва 4 писаранд.

Ҳамли Ҳалима Сиссе дар Марокаш сурат гирифтааст. Ӯ дар як клиникаи махсус бо кӯмаки мақомоти Мали таваллуд кард.

Падари тифлон дар сӯҳбат бо "Би-би-си" гуфтааст, хушбахт аст ва ҳатто хеле ва хеле хушбахт, зеро қалби зану фарзандонаш (панҷ духтар ва чаҳор писар) хуб кор мекунад

Вазири нигоҳдории тандурустии Мали Фанта Сиби духтурони ҳарду мамлакатро бо натиҷаҳои хурсандибахш табрик кард.

Бояд гуфт, ки Ҳалима Сиссе дар давоми ҳомиладории худ, вақте ки табибон боварӣ доштанд ӯ 7 фарзандро интизор аст, дар саросари Мали мавриди эҳтиром қарор гирифт.

Табибон аз саломатии ӯ ва шонси зинда мондани кӯдакон тарсиданд. Аз ин рӯ, мақомот тасмим гирифт, ки ба ин ҳодиса дахолат кунад. Пас аз ду ҳафтаи бистарӣ дар беморхонаи Бамако тасмим гирифта шуд, ки вай ба як клиникаи хусусии Марокаш интиқол дода шавад. Аллакай дар он ҷо, пас аз панҷ ҳафтаи дигар, ӯ ҷарроҳии қайсарӣ дошт.

Шавҳари Ҳалима Адюданд Қодир Арбӣ бо духтари калониаш ҳоло ҳам дар Малӣ аст, аммо ба гуфтаи ӯ, пайваста бо ҳамсараш дар бемористон муошират мекунад ва аз ояндаи оила, ки ногаҳон хеле калон шудааст, нигарон нест.

Ӯ дар мусоҳиба бо бахши африқоии "Би-би-си" гуфт, Худованд ин кӯдаконро ба онҳо фиристод. Аз ин рӯ, қарор хоҳад дод, ки сарнавишти минбаъдаи онҳо чӣ мешавад.

"Ман умуман хавотир намешавам, зеро вақте ки Худои таъоло коре мекунад, тадбири ӯ пурасрор аст", - гуфт ӯ.

Ӯ гуфтааст, мақомот занг зада барояш гуфтаанд, ки чӣ қадар хурсанданд ва ӯ ҳам ба онҳо миннатдорӣ кардааст. Ҳатто худи президенти кишвар ба ӯ занг задааст.

Интизор меравад, ки модари ин нӯҳ кӯдаки навзод пас аз чанд ҳафта ба хонаааш баргардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Миша 2023-08-03, 16:46
Дар сурат 10 то ку?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Миша 2023-08-03, 16:46
Дар сурат 10 то ку?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД