Formula novemver 2024
ПРЕЗИДЕНТ БА ОИЛАИ ҚУРБОНИЁНИ МОҶАРОИ ВОРУХ КӮМАКПУЛӢ ДОД
1393


Бо амри сарвари давлат ба оилаҳои қурбониёни моҷарои хунине, ки чанд рӯз қабл дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон сар зада буд, кӯмаки молиявӣ расонда шуд. Шахсоне, ки фарзанднашон дар марз дар пайи дифоъи Ватан ҷон бохтанд, ба миқдори 70 -ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ мегиранд.

Тавре ки Спутник хабар додааст, имрӯз, 5-май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз оилаҳое, ки фарзандонашонро дар пайи муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аз даст доданд, боздид намуда, изҳори ҳамдардӣ намуданд ва аз номи сарвари давлат ба ҳар як хонавода 70-ҳазор сомонӣ кӯмаки пулӣ расониданд.

Раиси вилоят ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ аз манзили шаҳидони муҳофизи Ватан -Бахтовар Маҳмудов, сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух - Меҳрӯзиддин Болтаев дидан намуда, аз номи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи қурбониён изҳори тасаллият намуданд.
Аснои мулоқот бо пайвандони ҷавонони марҳум зикр гардид, ки номи фарзандони шаҳиди онҳо абадан дар сафҳаи таърихи миллат сабт гаштааст. Раиси Виляти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ваъда додааст, ки фарзандони шаҳидон минбаъд зери қаноти давлат қарор мегиранд ва ба таълиму тарбияи ин кӯдакон диққати хоса дда хоҳад шуд. Пас аз хатми мактаб фарзандони шаҳидони Ватан бо квота ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дохил шуда, барои таҳсили бомуваффақияти эшон тамми шароитҳо фароҳам оварда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД